Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии

Боз 36 нафари дигар: вазорат омори охири СOVID-19 дар Тоҷикистонро нашр кард

600
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нагардид.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмӯъ сирояти коронавирус то санаи 8 сентябр 8 ҳазору 860 ҳолатро ташкил додааст.

Ҳамзамон дар Тоҷикистон 7650 нафар, беморон аз COVID-19 шифо ёфтаанд.

Абдуллозода: Тоҷикистон иқтидор дорад, то муқобили COVID-19 муқовимат кунаду пирӯз шавад

Дар умум теъдоди ҷонбохтагон аз ин беморӣ аз сӯи вазорати тандурустии кишвар 70 нафар арзёбӣ шуд.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

600
Барчаспҳо:
нашр, омор, сироят, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон

Олимони туркӣ мегӯянд, коронавирус метавонад саратони мағзи сар ба вуҷуд орад

106
Олимони Туркия таҳқиқ намуданд, ки маризии сироятии коронавирус метавонад саратони сарро ба вуҷуд орад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Коронавирус метавонад саратони мағзи сарро ба вуҷуд орад ва ё ба рушди омосҳои мавҷуда мусоидат кунад. Ба чунин натиҷа олимони донишгоҳе дар Истамбул расиданд.

"Мувофиқи фарзияи мутахассисон, зарраҳои SARS-Cov-2 қодиранд бо ҳуҷайраҳои бофтаҳои асаб, ки дар рушди онкология иштирок доранд, пайваст шаванд".

Аммо олимон исрор меварзанд, ки ин хулосабарории ниҳоӣ набуда, ҳоло дар ин самт бояд таҳқиқотҳои нав гузаронд.

"Ҳар гуна вируси онкогенӣ, ки ба ҳуҷайра ворид мешавад, онро тағир медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо онро хатарзо мекунад. Аммо ин як раванди хеле тӯлонист, ки ҳатман таъсири омилҳои иловагии муҳити берунӣ ва дохилиро тақозо мекунад", - шарҳ додааст бозёфтҳои олимони туркиро, роҳбари лабораторияи саратоншиносии Блохин Ксения Смирнова ба нашрияи "Известия".

Зимнан, Андрей Васин як намояндаи дигари соҳаи тандурустии Русия изҳор намудааст, ки SARS-Cov-2 вируси РНК аст ва қобилияти ин гурӯҳи патогенҳо барои барангехтани саратон қаблан мушоҳида нашудааст.

106
Барчаспҳо:
саратон, таҳқиқот, олимон, Туркия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцина от коронавируса ЭпиВакКорона

Русия ба Ӯзбекистон 35 миллион воя ваксинаи "Sputnik V" ворид мекунад

128
(Таҷдидшуда 14:44 25.09.2020)
Пас аз гирифтани тасдиқи мақомоти танзимкунандаи Ӯзбекистон, дар соли 2020 метавонад ба ҷумҳурӣ то 10 миллион воя (доза) ва дар соли 2021 то 25 миллион доза ваксина ворид кунад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Бунёди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва ширкати дорусозии Лаксисам ба мувофиқа расиданд, ки ба Узбакистон то 35 миллион воя (доза) ваксинаи коронавирусии “Sputnik V”-ро интиқол хоҳанд дод.

“Пас аз гирифтани тасдиқи мақомоти танзимкунандаи Ӯзбекистон, дар соли 2020 метавонад ба ҷумҳурӣ то 10 миллион воя (доза) ва дар соли 2021 то 25 миллион доза ваксина ворид кунад”,-омадааст дар иттилоия.

Аз Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтаанд, ки ваксина дар платформаи хубу омӯхташуда, бо бехатарӣ ва самаранокии исботшуда сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия ба таҳияи ваксинаҳо алайҳи коронавирус моҳи январи соли равон оғоз карда буд.

Аввалин ваксинаи коронавирус дар Русия истеҳсолшуда, моҳи август ба қайд гирифта шуд. Ваксинаи мазкур аз ҷониби Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия шуда, дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузории мустақими Русия истеҳсол карда мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, коршиносон ваксинаро бехатар унвон карданд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ ба Русия барои доруи таҳиякардааш ташаккур гуфт.

Ҳоло Вазорати тандурустии Руссия талош дорад ваксинаи дуюмро бар зидди COVID-19 ба қайд гирад.

128
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки мадаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон