Врач у постели пациента во время обхода в госпитале

Гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 9 ҳазор наздик шуд

293
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон  аз 30 апрел то 11 сентябр 8 ҳазору 977 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, хабар дод Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ афзуд, аз ин теъдод  7 ҳазору 747 нафар ё худ 86,3%-и беморон аз COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 72 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 107 нафар гумонбарон қарор дошта, 33 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилояи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

293

Вазорат тасдиқ кард: дар Тоҷикистон шумори ҷонбохтагон бар асари COVID-19 афзоиш ёфт

232
(Таҷдидшуда 22:19 30.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ шаббнарӯзи гузашта 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Тавре манбаъ қайд кардааст дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9769 нафар баробар гардидаст.

Инчунин,  таъкид шудааст, ки то санаи  30 сентябр дар мамлакат  8572  (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 76  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

232
Барчаспҳо:
афзоиш, вазорат, сироят, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Заместитель председателя Согдийской области Азимӣ Зайнура Окилзода

Мақомоти Суғд мактабҳоро барои пешгирӣ аз COVID-19 пайваста назорат доранд

141
(Таҷдидшуда 22:04 30.09.2020)
Муовини раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар самти пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 вохурӣ анҷом доданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳадаф аз гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд  пеш аз ҳама пайваста огоҳ намудани муҳассилин барои пешгирии бемории сироятии вируси корона аст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ идома доранд ва ҳангоми боздид аз рафти чораҳои пешгирикунанда муайян шудааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Инчунин вазорати тандурустӣ иттилоъ додааст, ки дар идомаи сафари корӣ мутахассисони марказ бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода вохӯрӣ намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд низ  дидан намуданд.

141
Барчаспҳо:
вируси корона, паҳншавӣ, назорат, масъулин, Суғд, мактаб, Тоҷикистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон