Ифтитоҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши масъулини Панҷакент ба Раҳмон оид ба COVID-19: овозаҳо дурӯғанд, се бемор дорем

568
Масъулини шаҳри Панҷакент имрӯз зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа ва ифтитоҳи Беморхонаи марказӣ оид ба вазъи тандурустии дар маҳал гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, зимни ифтитоҳи беморхонаи замонавӣ, Эмомалӣ раҳмон бо имконот ва шароити фароҳамовардашуда аз наздик шинос гардида, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ вазъи эпидемиологии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо хубтар мебошад

"Масъалан дар шаҳри Панҷакент аз 315 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 3 нафар мубталои ин беморӣ буда ҳоло дар беморхонаи сироятии шаҳр муолиҷа ёфта истодаанд ва ҳамаи овозаҳо вобаста ба хуруҷи ин беморӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ягон асоси воқеъӣ надоранд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ки шаҳр дорои беморхонаи алоҳидаи сироятӣ бо 70 кат буда, дар он шароити муосири табобату нигоҳдорӣ фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, беморхонаи нав дорои 200 кат буда, дар он 180 ҷои кори иловагии дигар ташкил гардида, иншоот дар доираи стандартҳои қабулшудаи тиббӣ бунёд ёфтааст.

Раҳмон бинои нави муборизони фасод дар водии Зарафшонро ифтитоҳ кард

Иншооти нав аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар он барои ташхису табобати ниёзмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, афзудааст манбаъ.

568
Барчаспҳо:
президент, беморхона, Панҷакент, Тоҷикистон

Вазорат тасдиқ кард: дар Тоҷикистон шумори ҷонбохтагон бар асари COVID-19 афзоиш ёфт

69
(Таҷдидшуда 19:20 30.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ шаббнарӯзи гузашта 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Тавре манбаъ қайд кардааст дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9769 нафар баробар гардидаст.

Инчунин,  таъкид шудааст, ки то санаи  30 сентябр дар мамлакат  8572  (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 76  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

69
Барчаспҳо:
афзоиш, вазорат, сироят, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Заместитель председателя Согдийской области Азимӣ Зайнура Окилзода

Мақомоти Суғд мактабҳоро барои пешгирӣ аз COVID-19 пайваста назорат дорад

107
(Таҷдидшуда 15:37 30.09.2020)
Муовини раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар самти пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  вохурӣ анҷом доданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки, ҳадаф аз гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълими шаҳри Хуҷанд  пеш аз ҳама пайваста огоҳ намудани муҳассилин барои пешгирии бемории сироятии  вируси корона аст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намулдааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ идома доранд ва ҳангоми боздид аз рафти чораҳои пешгирикунанда муайян шудааст, ки масъулин ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Инчунин вазорати тандурустӣ иттилоъ додааст, ки дар идомаи сафари корӣ мутахассисони марказ бо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода вохӯрӣ намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд низ  дидан намуданд.

107
Барчаспҳо:
вируси корона, паҳншавӣ, назорат, масъулин, Суғд, мактаб, Тоҷикистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 19:50 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳилле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон