Омори гирифторони коронавирус дар Эрон

96
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 346 ҳазор нафар эълом кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 89 бемори нави гирифтор ба COVID-19  дар Эрон шиносоӣ шуд, ки  956 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот расонда шуд, навишт хабаргузории Парстудей.

Манбаъ аз қавли Лорӣ афзуд, беморони COVID-19 дар Эрон ба 402 ҳазору 29 нафар расидааст.

“Муттассифона дар 24 соати гузашта, 128 нафар аз ин беморон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 23 ҳазору 157 нафар расидааст”, - иттилоъ додаст сухангӯи Вазорат.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 346 ҳазору 242 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало  ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 29 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 924 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 20 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

96
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, гирифторони беморӣ, Эрон

Теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар Эрон аз 24 ҳазор гузашт

38
(Таҷдидшуда 18:16 19.09.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе гуфт, теъдоди ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 дар ин кишвар аз 24 ҳазор нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Симо  Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта  2 ҳазору 845 бемори ҷадиди COVID-19  дар Эрон шиносоӣ шуд, хабар дод радиои тоҷикии Садоии Хуросон.

Ба иттилои манбаъ, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 419 ҳазору 43 нафар расидааст.

“Аз ин теъдод то кунун 357 ҳазору 632 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лорӣ афзудааст, ки муттаассифона дар 24 соати гузашта  166 нафар аз беморони COVID-19  ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 118 нафари расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 30 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  956 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 22 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

38
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Эрон

Беш аз 6 ҳазор ҳолат дар як рӯз: афзоиши мабталошавӣ ба маризии коронавирус дар Русия

127
(Таҷдидшуда 15:45 19.09.2020)
Дар Федератсияи Русия мавориди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта беш аз 6 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд

Танҳо дар як рӯзи ахир дар Русия 6 065 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 144 мариз ҷон аз даст доданд. Инчунин як рӯзи ахир аз дармонгоҳҳои Русия 5 255 бемор мураххас гардиданд.

Манбаъ меафзояд, аз 19 - уми июл то ба ин сӯ, ин нахустин ҳолатест, ки шумораи зиёди одамон ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар пойитахт - шаҳри Маскав мубталошавии сокинони ба коронавирус сабт гардидааст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Шабонарӯзи ахир дар Маскав дасти кам 825 ҳолати ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 097 251 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, 19 339 бемор ба ҳалокат расида, 906 462 нафари дигар шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон беш аз 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардида, 943 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

127
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон