Вазорат омори тозаро нашр кард: боз 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт шуд

692
(Таҷдидшуда 19:43 14.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9088  нафар баробар гардид.

Гуфта шудааст, ки то санаи  14 сентябр дар кишвар  7853  (86,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтааст.

Вазорат илова кардааст, ки бар асари вируси корона марги 72  нафар ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

692
Барчаспҳо:
вирус, омор, сироят, ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Люди в защитных масках

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

289
(Таҷдидшуда 18:24 29.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 72 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 29 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  9 726 нафар расид. 

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон то кунун 8531  нафар ё худ 87,7 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар вафот кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

289
Барчаспҳо:
вазорати тандурустӣ, омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик

Хабари нохушоянд: фавт аз коронавирус дар ҷаҳон марзи 1 миллион нафарро убур кард

242
(Таҷдидшуда 15:23 29.09.2020)
Натиҷагириҳои оморӣ аз саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки шумори кулли ҷонбохтагон аз маризии коронавирус марзи як миллион нафарро убур кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз гузориши тоза аз шумораи фавти маризони коронавирус дар ҷаҳон нашр намуд.

Бар тибқи маълумоти донишгоҳои мазкур, шумораи қурбониёни вируси COVID - 19 дар сартосари ҷаҳон, бомдоди рӯзи сешанбе аз як миллион нафар бештар ҳисобида шуд.

Зимнан, дар ҷаҳон шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус ба  33 273 720 мбаробар шудааст.

42 - сола ва падари 4 фарзанд: даргузашти мақомдори Конибодом аз коронавирус

"Ҳоло дасти кам, 1 миллиону 555 ҳазор бемори коронавирус ҷон аз даст доданд", - таъкид мешавад дар гузориши донишгоҳи мазкур.

Зимнан, гузоришгарон аз шифо ёфтани 23 миллион нафар аз банди бемории коронавирус хабар медиҳанд.

Дар миёни кишварҳои олуда ба ин вирус, Амрико бо беш аз 7 миллион нафар сироятёфта дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад.

242
Барчаспҳо:
ҷаҳон, маризӣ, омор
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

0
(Таҷдидшуда 11:58 30.09.2020)
Мақомоти Қазоқистон пешниҳод дорад, ки дар робита бо авҷгирии дубораи коронавирус бозкушоии парвозҳо бо кишварҳо ба таваққуф гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки аз 5 октябр бозкушоии парвозҳо бо дигар кишварҳо мутаваффиқ карда шавад, гуфт вазири тандурустии кишвар Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфти ӯ ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои хориҷа, барои пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус аз 5 октябр бозкушоии марзҳо ба рӯи дигар кишварҳо бояд ба таъхир гузошта шавад ва бо мамолике, ки аллакай парвозҳои мустақим кушода шудааст, шумораи парвозҳо набояд бештар шавад.

Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки эҳтимолан парвозҳо ба ҷониби Туркия кам карда шавад.

Вазир таъкид кард, барои шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои "категорияи дуввум" аз ҷумла - Швейтсария, Бритониё, Полша, Италия, Венгрия, дигар кишварҳои Урупо, ҳамчунин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Армнаистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назорати санитарӣ ҷорӣ карда шавад.

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

Ҳарорати бадани мусофирон бояд санҷида шуда, пурсишнома гузаронида шавад. Ҳамчунин мусофирон бояд санади манфӣ будани ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд.

Барои кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ва Ӯзбекистон дар постҳои мошингузар низ, вазир чунин талаботро ҳатмӣ гуфт.

0
Барчаспҳо:
кишварҳо, боз, марзбандӣ, Қазоқистон