ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Русия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки "Алепривир" ном дорад ба дорухонаҳо роҳ ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ташкилоти истинодии "Столичка".
Бар хабари манбаъ, доруи мазкур танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад. Арзиши як қутти доруи "Алепривир" 12 320 рубли русиро ташкил медиҳад.
"Арепливир" дар заминаи доруи "Фавипиравир" сохта шудааст. Мутахассисони "Промомед" дар заминаи корхонаи "Биохимик" -и Саранск технологияи истеҳсоли пурраи худро таҳия карданд.
Маҷаллаи машҳури тиббӣ The Lancet натиҷаҳои таҳқиқоти ваксинаи Sputnik V-ро нашр кард
Қобили зикр аст, ки доруи "Арепливир" ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз муттаҳамон Исматшозода Зебуниссо, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқиқотчии ин раёсат Қумригул Раҷаб ном бурдааст.
Манбаъ афзуд, ин ду нафар дар он муттаҳам мешаванд, ки ҳангоми кор дар мақомҳояшон 8 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судияш 1200 доллар талаб кардаанд.
Ба иттилои Ожонс, ин ду масъул ваъда додаанд, ба ивази маблағ аз махзани Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Тоҷикистон маълумот дар бораи доғи судиро тоза мекунанд.
Ожонси зидди фасод афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода ва Ҳалимзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки алайҳи муттаҳамон бо айби қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Феълан назари айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия маълум нест.
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз як ҳафтаи ахир ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронаиврус сабт нашудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.
Вале, Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.
Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.
Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик омадааст".
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.
Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.
Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.
"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".
Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд
Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.