Пограничный пост Максат в Лейлекском районе Баткенской области.

Хуруҷи коронавирус дар минтақаи наздисарҳадӣ ва талаби мақомоти қирғиз аз тоҷикистониён

1020
(Таҷдидшуда 14:59 28.09.2020)
Қирғизистон дар вилояти Бодканди ҳамсарҳад бо Тоҷикистон афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро сабт карда, чораҳои беҳдоштиро таҳким бахшидааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон дар пайи афзоиши бемории коронавирус чораҳои маҳдудкунандаро шиддат бахшиданд, хабар дод Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар ин кишвар.

Дар вилояти Бодканд назорати пӯшидани ниқоб пурзӯр карда шуда, санҷишҳои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар мағозаҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ афзоиш ёфтаанд.

Манбаъ афзуд, ки аз рӯзи 28 сентябр муваққатан ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии байни вилоятҳо, байни ноҳияҳо ва шаҳрҳо қатъ карда шуд.

Тоҷикистон тавони истеҳсоли автобусҳои “Акиа” бидуни муҳаррикҳои олмонӣ надорад

Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки марзи вилояти Бодкандро убур мекунанд, бояд маълумотнома дар бораи надоштани коронавирусро пешниҳод намоянд, ки тайи се рӯзи охир гирифта шуда бошад.

Инчунин дар вилояти Бодканд муваққатан намозҳои ҷомеи ҷумъа манъ гардида, барои пешгирӣ аз коронавирус кори бозорҳои чорво мутаваққиф шудааст.

1020
Барчаспҳо:
назорат, беморӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Дар Ӯзбекистон озмоишҳои клиникии ваксинаи чинӣ алайҳи COVID-19 гузаронида мешавад

23
(Таҷдидшуда 11:25 23.10.2020)
Интизор меравад, ки озмоишҳои клиникӣ дар ихтиёриёни 18-сола ва калонтар гузаронида мешаванд. Пеш аз оғози озмоишҳо намояндагони ҶМЧ оид ба шароити эмгузаронӣ як қатор тренингҳо доир хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон, намояндагони Институти микробиологияи Академияи илмҳои Чин ва ширкати чинии Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical оид ба ташкили озмоишҳои клиникии ваксина алайҳи коронавирус дар Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати Ӯзбекистон.

Ваксинае, ки ин ширкат таҳия кардааст ва ҳоло озмоишҳои клиникиро аз сар мегузаронад, сафедаи аз ҷиҳати генетикӣ таҳияшудаи антигени сатҳи коронавирус мебошад, ки нисбат ба аденовирус ва намудҳои ғайрифаъол ваксинаи баланд дорад.

"Дар ҷараёни гуфтушунидҳо қайд карда шуд, ки дар сурати бомуваффақият ба анҷом расонидани ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ, Ӯзбекистон дар хариди ваксина аз рӯи вақт ва нархи ҳадди ақалл афзалият хоҳад дошт", - омадааст дар иттилоия.

Мутахассисони Вазорати рушди инноватсионӣ бо шарикони чинӣ ташкили раванди эмгузаронӣ ва омодагӣ ба ин равандро баррасӣ карданд.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Интизор меравад, ки озмоишҳои клиникӣ дар ихтиёриёни 18-сола ва калонтар гузаронида мешаванд. Пеш аз оғози озмоишҳо намояндагони ҶМЧ оид ба шароити эмгузаронӣ як қатор тренингҳо доир хоҳанд кард.

23
В ночном клубе, архивное фото

Хатарнок: мақомоти Хуҷанд фаъолияти клубҳои шабонаро манъ карданд

179
(Таҷдидшуда 10:54 23.10.2020)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар пайи як қарор фаъолияти ҳашт маркази дилхуширо манъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Маъмур Юсуфзода, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд, қарори манъи марказҳои дилхушӣ аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи қарори Таҳмина Усмонова фаъолияти марказҳои дилхушии “Хваканта”, “Опера”, “Амнизия”, “Парламент”, “Шоми Суғд”, “Очил”, “Ёсуман”, “Барбарос” манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

“Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Манбаъ мегӯяд, дар асоси қарори мазкур марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

179
Барчаспҳо:
марказҳои дилхушӣ, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

0
(Таҷдидшуда 12:16 23.10.2020)
Қаблан дар назар буд, ки сеюмин дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан моҳи август дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 ба тирамоҳ мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.

Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар  баргузор шавад.

"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем" гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.

"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ " суст шудаанд", - илова кард Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.

0
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, вохӯрии сарони кишварҳо, мулоқот, дидор