Вакцина от коронавируса

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

225
Чин мегӯяд то соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол мекунад ва ҳамаи шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила эм мекунад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чин то охири соли 2020 610 миллион вояи ваксинаи зидди  коронавирус ва соли 2021 зиёда аз 1 миллиард воя истеҳсол хоҳад кард, хабар медиҳад Казинформ бо такя ба маълумоти директори Маркази рушди илми тиб ва технологияҳои Комиссияи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Чжунвэй.

"Иқтидори Чин ҷиҳати истеҳсоли  ваксинаҳои зидди коронавирус то охири соли 2020 610 миллион ва соли 2021 беш аз 1 миллиард воя арзёбӣ мешавад",- иброз намуд Чжен Чжунвэй.

Ҳамзамон ин масъули соҳаи тиб зикр кард, ки эм намудани аҳолӣ бо ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад ва дар қадами аввал, одамоне, ки хатари баландтари сироятёбӣ аз коронавирус доранд, хусусусан кормандони тиббии "дар хатти пеш" буда ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла, пиронсолон, занҳои ҳомиладор ва кӯдакон) афзалият хоҳанд дошт.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Ба гуфтаи Тсзэн Гуан, сухангӯи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, ваксинаҳои зидди коронавируси чинӣ метавонанд системаи эминии инсонро дар муддати нисбатан тӯлонитар ҳифз кунанд.

225
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (820)
Зулфия Абдусаматзода - зам министра здравохранения

Абдусаматзода бо намояндаи JICA солимии модарони тоҷикро баррасӣ кард

61
(Таҷдидшуда 19:10 30.10.2020)
Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ бо роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Мунео Такасака муносиботи Вазорат бо ин ширкатро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода бо роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Мунео Такасака онлайн суҳбат кард.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, Абдусаматзода доир ба ҳамкориҳои вазорат бо Намояндагии JICA дар Тоҷикистон махсусан дар самти солимии модар ва кӯдак суханронӣ намудааст.

Таҳсил дар Ҷопон: Муҳриддин ва Мияшита ёддошти тафоҳум имзо карданд

"Дар вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини солимии модар ва кӯдак табодули афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш додани  ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Мунео Такасака дар навбати худ, роҷеъ ба саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ тавассути Намояндагии JICA дар Тоҷикистон сухан гуфтааст.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони пешину навтаъйини JICA дар Тоҷикистон

Таъкид мешавад, ки JICA яке аз шарикони муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба то имрӯз як қатор лоиҳаҳо татбиқ гардида истодаанд.

61
Барчаспҳо:
кӯдак, модар, суҳбат, муовини вазир, Вазорати тандурустӣ
Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой инфекционных болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино Рахманов Эркин

Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

342
(Таҷдидшуда 09:24 30.10.2020)
Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.

342
Барчаспҳо:
вируси нав, мавҷ, Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон