Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной

Идомаи мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон: вазорат аз 41 ҳодисаи нави сироятёбӣ хабар дод

214
(Таҷдидшуда 19:38 02.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 мавриди нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 68 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати то 2 октябри соли равон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 852 нафар расид. 

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон то санаи  2 октябр  8661  (87,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 77  нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

214
Барчаспҳо:
мубориза, фавт, Вазорати тандурустӣ, нашр, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Иранские женщины сидят на автобусной остановке

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

34
(Таҷдидшуда 19:35 20.10.2020)
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз панҷ ҳазор бемори ҷадиди COVID-19 дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар 24 соати гузашта 5 039 бемори ҷадид дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 254 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, теъдоди беморони COVID -19 дар Эрон ба 539 670 нафар расидааст, ки то кунун 434 676 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, шабонарӯзи гузашта 322 нафар аз беморони COVID -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 034 нафар расидааст.

Бояд гуфт, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 41 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 1 120 000 нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 30 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

34
Барчаспҳо:
омор, фавт, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пробирки с тестами на коронавирус

Омори шаш моҳи ноҳияи Ашт дар бораи COVID-19 : 18 фавту 150 шифоёфта

84
(Таҷдидшуда 18:32 20.10.2020)
асъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири навъи COVID-19 ба Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар бораи баргузории ҷаласае хабар додаанд, ки дар кори он, фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳия баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин иҷлосия, Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд барои шиносоӣ бо натиҷаҳои хоҷагии халқ ба ноҳияи Ашт сафар кардааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, баробари соҳаҳои мухталиф аз ҷумла дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия ва маридҳои сироят, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири COVID-19 гузориш додааст.

"Айни ҳол дар ноҳия аз санаи 29 апрели соли ҷорӣ то санаи 19 октябр 183 нафар бистарӣ бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ шуда, аз онҳо 150 нафар сиҳат ёфта, 18 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳия 15 нафар табобат гирифта истодаанд", -  иттилоъ додааст, муовини раиси ноҳияи Ашт.

Аниса Ҷалилӣ таъкид намудааст, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории каронавирус дар иморату иншоотҳои ноҳия мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 686 литр гипохлориди натрий, 3352 кило хокаи хлор, 924 адад либосҳои муҳофизатӣ, 3197 дона ниқобҳои тиббӣ ва 4020 адад дастпӯшак ва дигар маводи безараргардонандаи тиббӣ захира ва мавриди истифода қарор дода шуда ҳамчунин аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба Бемористони марказии Ашт 8 адад оксигенератор ва 2 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ дастрас карда шудааст.

Дар Тоҷикистон шаш моҳ қабл, дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дода буданд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 19 октябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10533 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар кишвар 9563 нафар ё худ 90,8 % и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, бар асари ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд.

84
Барчаспҳо:
омор, Ашт, вируси корона
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

0
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

0
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков