Садио Мане, ситораи "Ливерпул" гирифтори коронавирус шуд

111
(Таҷдидшуда 18:11 03.10.2020)
Ҳамлагари бошгоҳи “Ливерпул”-и Англя ва мунтахаби Синегал Садио Мане гирифтори коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи “Ливерпул”хабар дода, гуфтааст, бозигар бар асоси тавсияи табибон ба худҷудоӣ фиристода шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷисми варзишгар нишонаҳои ин беморӣ пайдо шуда, аммо дар умум саломатияш хуб мебошад.

Ҳамлагар пас аз ташхиси мусбаташ аз коронавирус, дар бораи вазъи саломатии худ дар сафҳаи инстаграммааш навиштааст..

“Натиҷаи ташхиси ман барои коронавирус мусбат буд, аммо ман худро хуб ҳис мекунам, нишонаҳои шадид нестанд. Ман фавран ба карантин рафтам ва раванди барқароркуниро оғоз кардам”,- навиштааст ситораи  “Ливерпул”

Ҳамзамон бозигари 28-сола ҳамаро даъват кардааст, ки қоидаҳоро риоя кунанд ва аз мавҷи дуввуми пандемия ҷилавгирӣ кунанд

“Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо бехатар ҳастед ва барои муҳофизати худ ва наздиконатон ҳамаи қоидаҳоро риоя кунед. Мо бояд аз мавҷи дуввуми коронавирус дар саросари ҷаҳон пешгирӣ кунем. Ман бармегардам, қавитар аз пештара! Мо инро якҷоя бартараф хоҳем кард”, - хулоса кард Мане.

Ёдовар мешавем, ки Мане дар бозии охирини "Ливерпул", ки дар он дастпарварони Юрген Клопп дар ҷоми Англия аз Арсенал тариқи зарбаҳои пеналтӣ шикаст хӯрданд, ширкат накард.

Садио дар мавсими имсола дар Чемпионати Англя се бозӣ гузаронида, се гол задааст.

Қабл аз Мане бозигари дигари даста Тиаго Алкантара низ аз ин беморӣ сироят ёфта буд. 

111

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

357
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10819 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи иттилои ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 26 октябр ба 10819 нафар расид.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 62  нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9951 (92,0%)  баробар гардид.

"Бар асари ин беморӣ  81 нафар фавтидаанд", - омадааст дар гузориши Вазорати тандурустӣ.

Дод аз дасти коронавирус: афзоиши бесобиқаи гирифторони COVID-19 дар Осиёи Марказӣ

Манбаъ афзуда, ки ҲукуматиТоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

357
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори ҷадиди гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

530
(Таҷдидшуда 19:19 25.10.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори ҷадиди паҳншавии коронавирус дар ҷумҳуриро нашр кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст.

Теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба ҳолати шоми 25 октябр ба 10 ҳазору 776 нафар расидааст.

Таъкид шудааст, ки аз теъдоди умумии гирифторшудагон то имрӯз 9 ҳазору 889 нафар шифо ёфта аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Таносуби шифоёфтагон аз маризии каронавирус дар кишвар наздики 92 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт шудааст. Теъдоди умумии фавтидагон аз  22 октябр то имрӯз бетағйир боқӣ монда, ҳамоно 81 ҳолатро ташкил медиҳад.

530

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

0
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

0
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон