Детская площадка в детском саду

Рӯ ба коҳиш ниҳод: омори тозаи сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

995
Ҳафтаҳои қаблӣ шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус ҳамарӯза аз 45 маворид зиёдтар ба қайд гирифта шуд. Шабонарӯзи гузашта бошад, ин рақам то 37 ҳолат коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори нави сироятёфтагон ба маризии коронавирусро нашр намуд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати нави гирифторшавии сокинон ба ин дард ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ шумораи умумии гирифторони вируси COVID-19 ба 10297 нафар баробар гардид.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 74 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ, шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9177  (89,1%)  баробар гардид.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меоранд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

995
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (789)
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

142
(Таҷдидшуда 20:24 19.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирус дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10533 нафар баробар гардид.

Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563  (90,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

142
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон

Беш аз 40 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба вируси COVID-19 мубтало шуданд

56
(Таҷдидшуда 00:26 19.10.2020)
Токунун 40 миллиону 33 ҳазору 720 нафар дар ҷаҳон ба вируси COVID -19 мубтало шуданд, ки аз ин теъдод як миллиону 115 ҳазору 601 нафар ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бисту нуҳ миллиону нуҳсаду сиюпанҷ ҳазору дусаду ҳафтоду се нафар аз мубталоён ба корона беҳбуд ёфтаанд, иттилоъ додааст сомонаи хабаргузории “Парстудей”.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки давлати Италияи рӯзи якшанбе  39 миллиард еврои дигар ба муқобила бо бӯҳрони COVID - 19 ихтисос дод. Шӯрои  вазирони Италия дар нишасти рӯзи якшанбеи худ ба манзури маҳдуд кардани ҳар чӣ бештар осору паёмадҳои бӯҳрони Ковид - 19 бар сеюмин иқтисоди бузурги минтақаи евро, як пешнависи ислоҳияи қонуни молӣ ба арзиши 39 миллиард евро тасвиб кард.

Роберто Гальтиери вазири иқтисоди Италия эълом кард дар торихи Италия ҳеч гоҳи як қонуни молӣ ба ӣин густардагӣ тасвиб нашуда буд. Бахши қобили таваҷҷӯҳе аз и эътиборот барои ҳимоят аз пизишкон ва парасторон, хариди ваксина ва истихдоми муаллимони ҷадид ихтисос ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, давлати Италия барои ҷуброни касрии буҷети худ ба афзоиши молиёт фикр мекунад. Тарҳи давлати Италия барои аъмоли молиётҳои ҷадид бар шакар ва пластик, ки дар ниҳоят ба иллати мухолифатҳо ба июли соли 2021 мавкул шуд, танишҳои шадиде миёни аъзои  аксарияти ҳоким дар Италия (муташаккил аз ҳизби демократ ва ҷумбиши панҷ ситора) ба вуҷуд овардааст .

56
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, миллион, саросари кишвар, ҷаҳон
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон