Охирин омори коронавирус дар Эрон

103
(Таҷдидшуда 20:54 13.10.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 хабар дод

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони коронавирус дар Эрон гузориш дод.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 108 бемори коронавирус шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 949 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

“Маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба 508 ҳазору 389 нафар расидааст, ки то кунун 411 ҳазору 840 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд”, - хабар дод сомонаи “Парстудей” аз қавли Лорӣ.

Манбаъ афзуд, муттаассифона дар 24 соати гузашта 254 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 29 ҳазору 70 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 38 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллион нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 29 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

103
Барчаспҳо:
Эрон, вируси корона

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

495
Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10819 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро  дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи иттилои ин ниҳод, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 26 октябр ба 10819 нафар расид.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 62  нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9951 (92,0%)  баробар гардид.

"Бар асари ин беморӣ  81 нафар фавтидаанд", - омадааст дар гузориши Вазорати тандурустӣ.

Дод аз дасти коронавирус: афзоиши бесобиқаи гирифторони COVID-19 дар Осиёи Марказӣ

Манбаъ афзуда, ки ҲукуматиТоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

495
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори ҷадиди гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

542
(Таҷдидшуда 19:19 25.10.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори ҷадиди паҳншавии коронавирус дар ҷумҳуриро нашр кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст.

Теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба ҳолати шоми 25 октябр ба 10 ҳазору 776 нафар расидааст.

Таъкид шудааст, ки аз теъдоди умумии гирифторшудагон то имрӯз 9 ҳазору 889 нафар шифо ёфта аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Таносуби шифоёфтагон аз маризии каронавирус дар кишвар наздики 92 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус сабт шудааст. Теъдоди умумии фавтидагон аз  22 октябр то имрӯз бетағйир боқӣ монда, ҳамоно 81 ҳолатро ташкил медиҳад.

542
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

0
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

0
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон