Президент РФ В. Путин

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

524
(Таҷдидшуда 12:43 15.10.2020)
Президенти Русия Владимир Путин сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюмро эълон кард

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар мулоқот бо аъзои ҳукумат, президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки маркази "Вектор" -и Новосибирск дуввумин ваксинаи Русия алайҳи коронавирусро сабти ном кард.

Путин гуфт, ки ваксина алайҳи COVID-19  "ЭпиВакКороны"  номгузорӣ шуд ва кормандони "Вектор" -ро бо пирӯзии бузургашон табрик гуфт.

"То ҷое ки ман медонам, мо як ваксинаи дигар дар роҳ дорем, ки аз маркази Чумакови Академияи илмҳои Русия аст", - илова кард президенти Русия.

Дар мавриди "ЭпиВакКороны" , муовини сарвазир Татяна Голикова гуфт, ки он бехатар буда ва аввалин 60 ҳазор вояи он дар ояндаи наздик истеҳсол карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, дору аз 1 январи соли 2021 ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин доруи Русия барои пешгирии COVID-19 аст, ки аввалия - "Sputnik V" - дар нимаи моҳи августи имсол ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин дар ин нишаст таъкид кард, ки барои мубориза бо густариши коронавирус на танҳо афзоиши тавлиди ваксинаҳои ватанӣ, балки таъмини дастрасии онҳо дар бозори дохилӣ низ муҳим аст.

Русия ба Ӯзбекистон 35 миллион воя ваксинаи "Sputnik V" ворид мекунад

"Онҳо бояд ба шабакаҳои дорухонаҳо дар Русия ва ба қадри имкон зиёдтар ворид шаванд" таъкид кард сарвари давлат.

524
Барчаспҳо:
сабти ном, дору, Владимир Путин, Русия
Школьники, архивное фото

Роҳбари СҶБ аз кишварҳо хост дари макотибро барои чанд моҳ банданд

752
(Таҷдидшуда 19:36 24.10.2020)
Роҳбари Созмони ҷаҳонии бедошт ба роҳбарони аксар кишварҳо муроҷиат намуда гуф, ки вақтҳои охир суръати паҳншавии вируси COVID - 19 бениҳоят нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, ӯ хост дари мактабҳо баста шавад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тедрос Аданом Гебреисус роҳбари СҶБ ҳушдор додааст, ки чанд моҳи ахир вазъи коронавирус дар ҷаҳон шадид хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дари макотибу донишгоҳҳо бояд барои чандр моҳи оянда баста шавад. Дар ин бора роҳбари СҶБ зимни ҳамоише дар Женева ибрози назар намуд.

Тедрос мегӯяд, якчанд моҳи ахир вазъи паҳншавии коронавирус шаддид мешавад.

"Мо дар чорроҳаи муҳим барои пандемияи COVID-19 қарор дорем, алахусус дар нимкураи Шимолӣ. Чанд моҳи оянда хеле душвор хоҳад буд ва баъзе кишварҳо дар траекторияи хатарнок қарор доранд", - ҳушдор дод Гебрейесус.

Бисёре аз кишварҳо ба болоравии шадиди беморӣ дучор меоянд, чунин вазъ метавонад ба зудӣ захираҳои системаи тандурустиро тамом кунад, гуфт роҳбари СҶБ. Вай аз пешвоёни ҷаҳон даъват кард, ки аз бадтарин ҳолат бояд пешагӣ ҷилавгирӣ кард ва "барои роҳ надодани ба шумораи зиёди маргу мир, бояд дари мактабҳо баста шавад".

Зимнан, роҳбари СҶБ дарост намуд, ки ба аҳолӣ вазъияти аслӣ дар робита ба паҳншавии вирусро бояд гуфт ва аз мардум ягон чизро набояд пинҳон кард.

Ӯ ҳамзамон ба дастгирӣ намудани башарият ҷиддан таъкид кард.

Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то кунун дар саросари олам 42 миллиону 499 ҳазору 679 нафар ба вируси  Covid-19 сироят шудаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин вирус боз 130 ҳазору 989 нафар мубтало гардиданд.  Аз оғози пандемия дар олам аз коронавируси нав 1 миллиону 149 ҳазору 383 нафар фавтидаанд. Ин манбаъ ҳамчунин аз пурра муолиҷа шудани 31 миллиону 430 ҳазору 288 нафар хабар дод

752
Барчаспҳо:
баста, мактаб, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Омори ҷадиди гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикиcтон

367
(Таҷдидшуда 17:58 24.10.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 41  ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид. Манбаъ таъкид кард, ки теъдоди умумии гирифторони коронавирус аз 30 апрел то 23 октябр ба 10 ҳазору 736 нафар расид.

"Дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 836  (91,6%)  баробар гардид", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Вазорат дар мавриди теъдоди фавтидагон аз коронавирус изҳор дошт, ки тайи 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳолатҳои фавт аз ин маризӣ ҳамоно 81 нафар мебошад.

Таъкид шудааст, ки Ҳукумати  Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

367
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Хабиб Нурмагомедов

Хабиб зидди Гетҷи: навори пурраи муҳориба

0
(Таҷдидшуда 03:27 25.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов бори дигар дар майдон пирӯзӣ ба даст овард ва ба Ҷастин Гетҷи имкон надод, ки бар ӯ дастболо шавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мубориза миёни ду варзишгар хеле шадид оғоз шуд ва Нурмуҳаммадо бошад аз усулҳои маъмулаш кор мегирифт. Гетҷи низ аз худ маҳорат нишон дода, ба ҳамлаҳои Ҳабиб ҷавоб медода ва ҳатто як-ду лаҳзаи хатарнокро низ ба вуҷуд овард.

Дар даври аввал Ҳабиб аз рақибаш бартарӣ дош.

Марҳилаи дувуми панҷ дақиқагӣ низ ба ҳамин монанд оғоз ёфт - Нурмагомедов рақиби худро фишор дод, аммо табодули шадиди муштзанӣ ба вуқӯъ наомад

Паҳлавони Доғистон кӯшиш кард, ки рақиби худро бо услуби ғайриоддӣ зарба зада, аммо дар охир аз усули анъанавияш кор гирифт.

Пас аз 1,5 дақиқаи даври дуюм, Хабиб Гетҷиро ба кунҷи майдон афтонид ва ҳангоми талоши раҳоӣ кардани ҳарифаш ӯро буғӣ кард. Дар натиҷа Гетҷи мағлубиятро пазируфт ва ғолибият насиби Ҳабиб гашт.

Пас аз анҷоми муҳориба ӯ гуфт ғалабаашро ба падари марҳумаш мебахшад ва аз внҷоми корномаи варзишияш хабар дод.

Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод-видео

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин муҳорибааш хоҳад буд.

0