Пациент в больничной койке, архивное фото

Теъдоди фавтидагон аз COVID - 19 дар Тоҷикистон ба 80 нафар расид

251
(Таҷдидшуда 18:40 15.10.2020)
Аз аввали пандемияи коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон ба 10374 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10374 нафар расид.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 72 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9317  (89,8%)  баробар гардид. Дар ҳамн ҳол, бар асари ин беморӣ шабонарӯзи ахир як нафари дигар ҳалок шуда, теъдоди умумии фавтидагон дар маҷмӯъ ба 80 нафар расид.

Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

Вазорат қайд кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

251
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Абдуллозода ва Клуге аз тариқи виртуалӣ созишномаи ҳамкорӣ тасвиб карданд

20
(Таҷдидшуда 14:44 21.10.2020)
Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкориро Вазири тандурустии Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имзо намуданд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва мудири Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, созишномаи мазкур аз тариқи виртуалӣ ба тасвиб расонда шуд. 

Манбаъ меафзояд, ба тасвиб расидани созишномаи ҳамкорӣ аз тариқи виртуалӣ маротибаи нахуст сурат имегирад. 

Абдуллозода: Тоҷикистон иқтидор дорад, то муқобили COVID-19 муқовимат кунаду пирӯз шавад

Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ намуд.

Абдуллозода зимни сӯҳбати видеоӣ бо Ҳанс Клуге изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ  мебошад.

20
Барчаспҳо:
СҶТ, Вазорати тандурустӣ, созишнома
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

412
(Таҷдидшуда 13:36 21.10.2020)
Вирусшинос гурӯҳи одамонро номбар кард, ки ваксинаи коронавируси COVID-19 метавонад барои онҳо бесамар бошад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Ваксинаи коронавирус метавонад одамонеро, ки норасоии масуният доранд муҳофизат накунад, мегӯяд доктори илмҳои тиб, вирусшинос Анатолий Алтштейн.

Барои чунин гурӯҳи одамон эмкунӣ шояд муассир набошад, менависад портали ura.ru.

Ба гуфтаи табиб, бемороне, ки чунин патология доранд, метавонанд баъди гузаронидани ваксина дар пайдоиши антитело ба коронавирус мушкилӣ кашанд.

Инчунин, вирусшинос шубҳа кард, ки имкон дорад одамонро аз рӯи қобилияти ташаккули иммунитет ба бемориҳо ба гурӯҳҳои махсус тақсим кард.

"Инсонҳо бо қобилияти тавлиди антитела аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусиятҳои организм вобаста аст, ки касе намедонад", - гуфт табиб.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

412
Барчаспҳо:
одамон, пизишк, вирус
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0