Мутахассисони Русияву Тоҷикистон барои табобати бемории COVID-19 табодули назар карданд

144
(Таҷдидшуда 23:44 16.10.2020)
Пизишкони Тоҷикистону Русия дар бораи пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 машварти онлайнӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран  дар ин ниҳод бо иштироки муовини якуми вазир, Ғафур Муҳсинзода, профессор, психотерапевт, невролог аз кишвари Русия Наталия Юревна ва сармутахассисони соҳавии вазорат оид ба пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 машварати онлайнӣ доир гардид.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар он ба тариқи онлайн роҳабарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ иштирок намуданд.

Гуфта шудааст, ки Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон змини суханронии хеш иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузори машварати онлайнӣ кумак расонидан ба табибони кишвар дар самти ташхис ва табобати бемории коронавирус ва ба саволҳои онҳо посух додан мебошад.

Ҳамин тавр, дар вохӯрии мазкур тарафҳо роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

144
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, табобат, Русия, Тоҷикистон, машварат

Беш аз 5,6 ҳазор бемор дар 24 соати гузашта: омори охири коронавирус дар Эрон

27
(Таҷдидшуда 19:54 21.10.2020)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон гузориш дод, ки тайи 24 соати гузашта дар кишвар 5 ҳазору 616 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус шиносоӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон гуфт, аз панҷ ҳазору 616 беморе, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд, ду ҳазору 340 нафар бистарӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошти Эрон, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар ин ҷумҳурӣ ба 545 ҳазору 286 нафар расидааст.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

“Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 312 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 ҳазору 346 нафар расидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, то кунун 438 ҳазору 709 нафар аз ин беморони коронаии Эрон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

27
Барчаспҳо:
вируси корона, бемор, Эрон
Женщина в защитной маске в городе Душанбе

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз: 51 кас шифо ёфту 39 нафар мариз шуд

235
(Таҷдидшуда 19:06 21.10.2020)
Дар Тоҷикистон сафи мубталоёни маризии сироятии коронавирус аллакай ба 10 613 нафар расид. Ҳамчунин аз ин маризӣ 80 нафар ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, аз 30 апрел то 20 октябр сафи муталоёни коронавирус ба 10613 нафар расид.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Зимнан, дар як шабонарӯзи охир 51 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9668 нафар баробар гардид. Ҳамчунин табибон ҷони 80 маризи коронавирусро натавонистанд наҷот диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост менамоянд, ки ба риоя нам удани чораҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ диқати ҷиддӣ равона созанд.

235
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

858
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

858
Барчаспҳо:
садама, Русия