Беш аз 40 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба вируси COVID-19 мубтало шуданд

76
(Таҷдидшуда 00:26 19.10.2020)
Токунун 40 миллиону 33 ҳазору 720 нафар дар ҷаҳон ба вируси COVID -19 мубтало шуданд, ки аз ин теъдод як миллиону 115 ҳазору 601 нафар ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, бисту нуҳ миллиону нуҳсаду сиюпанҷ ҳазору дусаду ҳафтоду се нафар аз мубталоён ба корона беҳбуд ёфтаанд, иттилоъ додааст сомонаи хабаргузории “Парстудей”.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки давлати Италияи рӯзи якшанбе  39 миллиард еврои дигар ба муқобила бо бӯҳрони COVID - 19 ихтисос дод. Шӯрои  вазирони Италия дар нишасти рӯзи якшанбеи худ ба манзури маҳдуд кардани ҳар чӣ бештар осору паёмадҳои бӯҳрони Ковид - 19 бар сеюмин иқтисоди бузурги минтақаи евро, як пешнависи ислоҳияи қонуни молӣ ба арзиши 39 миллиард евро тасвиб кард.

Роберто Гальтиери вазири иқтисоди Италия эълом кард дар торихи Италия ҳеч гоҳи як қонуни молӣ ба ӣин густардагӣ тасвиб нашуда буд. Бахши қобили таваҷҷӯҳе аз и эътиборот барои ҳимоят аз пизишкон ва парасторон, хариди ваксина ва истихдоми муаллимони ҷадид ихтисос ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, давлати Италия барои ҷуброни касрии буҷети худ ба афзоиши молиёт фикр мекунад. Тарҳи давлати Италия барои аъмоли молиётҳои ҷадид бар шакар ва пластик, ки дар ниҳоят ба иллати мухолифатҳо ба июли соли 2021 мавкул шуд, танишҳои шадиде миёни аъзои  аксарияти ҳоким дар Италия (муташаккил аз ҳизби демократ ва ҷумбиши панҷ ситора) ба вуҷуд овардааст .

76
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, миллион, саросари кишвар, ҷаҳон
Табибон дар беморхонаи сироятӣ, акс аз бойгонӣ

Ду ҳафта бидуни фавт: охирин омори COVID-19 дар Тоҷикистон

126
(Таҷдидшуда 20:40 30.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, наздики ду ҳафта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 30 ноябр 12 ҳазору 194 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 599 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Охирин ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ 18 ноябр ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 95,1%-и гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ шифо ёфта, барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

126
Барчаспҳо:
вируси нав, фавт, Тоҷикистон

Директори “Вектор” гуфт, пандемияи COVID-19 кай ба поён мерасад

819
(Таҷдидшуда 17:22 30.11.2020)
Ринат Максютов, директори генералии Маркази давлатии вирусология ва биотехнологияи “Вектор”-и Русия, итминон дорад, ки пандемияи COVID-19 соли 2021 хотима меёбад.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи ӯ, амалан дар вирус ягон тағирот вуҷуд надорад ва он на бештар аз 0,1 фисад тағйир меёбадхабар медиҳад РИА Новости.

Пандемияи COVID-19 хотима ёбад ҳам, аммо худи коронавирус боқӣ хоҳад монд, гуфт Ринат Максютов, дар ҷашнвораи онлайнии Science Bar Hopping.

Вай қайд кард, ки вақте шумораи сироятҳо ҳар рӯз меафзояд, баробари ташаккули кофии иммунитети ҳамагонӣ хотима меёбад, зеро барои ин тақрибан нисфи аҳолӣ бояд эм карда шаванд.

Максютов илова намуд, ки аллакай 35 ҳазор вояи ваксинаи коронавируси  “EpiVacCorona”-ро Маркази “Вектор” истеҳсол кардааст. Аз ин шумор, тақрибан 5 ҳазораш барои таҳқиқот фиристода шудаву боқимонда моҳи декабр ба муомилоти шаҳрвандӣ хоҳанд рафт.

Олимони Чин мегӯянд, сарчашмаи COVID -19 Ҳиндустон аст

Тибқи маълумоти ТУТ,  давоми як рӯзи охир дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус беш аз 564 ҳазорро ташкил дода, 8985 нафар фавтидаанд.

Мавҷи дуюми COVID-19 ба шаҳри Истиқлол ҳам расид: 5 нафар сироят шуда, шифо ёфтаанд

Теъдоди рекордии гирифторон рӯзи шанбе (747 082 ҳазор) сабт карда шуд.

 

819
Барчаспҳо:
вирус, табобат, беморӣ, пешгӯӣ, вируси корона, Русия
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

0
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон