Омори шаш моҳи ноҳияи Ашт дар бораи COVID-19 : 18 фавту 150 шифоёфта

© AP / Virginia MayoПробирки с тестами на коронавирус
Пробирки с тестами на коронавирус  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири навъи COVID-19 ба Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар бораи баргузории ҷаласае хабар додаанд, ки дар кори он, фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳия баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин иҷлосия, Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд барои шиносоӣ бо натиҷаҳои хоҷагии халқ ба ноҳияи Ашт сафар кардааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, баробари соҳаҳои мухталиф аз ҷумла дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия ва маридҳои сироят, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири COVID-19 гузориш додааст.

"Айни ҳол дар ноҳия аз санаи 29 апрели соли ҷорӣ то санаи 19 октябр 183 нафар бистарӣ бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ шуда, аз онҳо 150 нафар сиҳат ёфта, 18 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳия 15 нафар табобат гирифта истодаанд", -  иттилоъ додааст, муовини раиси ноҳияи Ашт.

Аниса Ҷалилӣ таъкид намудааст, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории каронавирус дар иморату иншоотҳои ноҳия мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 686 литр гипохлориди натрий, 3352 кило хокаи хлор, 924 адад либосҳои муҳофизатӣ, 3197 дона ниқобҳои тиббӣ ва 4020 адад дастпӯшак ва дигар маводи безараргардонандаи тиббӣ захира ва мавриди истифода қарор дода шуда ҳамчунин аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба Бемористони марказии Ашт 8 адад оксигенератор ва 2 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ дастрас карда шудааст.

Дар Тоҷикистон шаш моҳ қабл, дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дода буданд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 19 октябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10533 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар кишвар 9563 нафар ё худ 90,8 % и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, бар асари ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0