Вакцинация против COVID-19 в Москве

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

1441
(Таҷдидшуда 00:33 23.10.2020)
Дар Бразилия яке аз иштирокчиёни озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус ба ҳалокат расид. Марҳум ҳамагӣ 28 сол дошта, ба ҳайси табиб кор мекард

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Дар Бразилия иштирокчии озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус, ки аз ҷониби ширкати дорусозии AstraZeneca ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, даргузашт, менависад рӯзномаи бритониёии Globo бо истинод ба Агентии назорати тандурустии Бразилия.

Манбаъ меафзояд, ин мард рӯзи 15 октябр аз маризии сироятии COVID-19 ҷон бохт.

"Марҳум табиби 28 - сола буда, дар клиникаи хусусии Рио - де - Жанейра дар шӯъбаи эҳёгарӣ бо маризони мубталои коронавирус кор мекард. Ӯ бемориҳои музмин надошт".

Пизишки ҷавон моҳи июл тасмим гирифтааст, ки дар озмоиши ваксинаи сохти бритонӣ иштирок кунад, аммо моҳи сентябр худ мубталои ин дард шуд.

Феълан дақиқ мешавад, ки оё табиб дар асл ҳам ваксинаи алайҳи коронавирус гирифта буд ва ё танҳо бо платсебои муқаррарӣ ӯро сӯзандору намуданд.

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи "ДОр", ки озмоишро дар Рио-де-Жанейро мегузаронад, дар Бразилия ҷамъан 8000 ихтиёриён дар барномаи байналмилалии таҳқиқоти ваксинаи AstraZeneca иштирок мекунанд. Аммо, танҳо нисфи онҳо ваксинаи воқеӣ гирифтанду халос.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябр ширкати AstraZeneca дар бораи боздоштани озмоиши ваксина алайҳи коронавирус хабар дод. Иллати боздоштани озмоиш, ба вокуниши як иштирокчӣ аз таъсири манфии ваксина рабт дода мешавад.

Амрико аз уҳдаи сохти ваксина намебарояд ва дар бохташ Русияро айбдор мекунад - навор

Зимнан, озмоишҳои ваксинаи коронавирус инчунин аз ҷониби Johnson & Johnson, Inovio Pharmaceuticals ва Eli Lilly низ боздошта шуданд.

Бояд зикр намуд, ки Русия то ҳол се ваксинаи коронавирусро бомуваффақият таҳия кард.

1441
Барчаспҳо:
даргузашт, табиб, дору, Бритония
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

369
(Таҷдидшуда 21:15 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаассифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

369
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Муаррифии ваксинаи "Sputnik V" –и Русия дар СММ

166
(Таҷдидшуда 17:32 02.12.2020)
Федератсияи Русия аз нахустин кишварҳои созандаи ваксинаи зидди коронавирус дастовардашро дар СММ муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии Русия дар ин созмон ва Вазорати тандурустӣ ваксинаи Sputnik V-ро муаррифӣ мекунанд.

"Дар чорабинӣ роҳбари Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, Михаил Мурашко, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев ширкат меварзанд",-хабар медиҳад РИА Новости аз қавли сухангӯи намояндагии доимӣ Фёдор Стржижовский.

Номбурда гуфтааст, ки чорабинии маҷозии "Sputnik V: Ваксинаи зидди COVID-19" дар ҳошияи иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст дар бораи ваксинаи сохти Русия маълумоти муфассал дода мешавад.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Навбат барои дарёфти ваксинаи Русия: Урупо бойкот мекунад - видео

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

166
Барчаспҳо:
вируси корона, дору, СММ, Русия
Прокуратураи вилояти Суғд

Таъйиноти кадрӣ: Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори Суғд шуд

148
Бар асоси фармони Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин гардид

 ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Ӯ, то ин замон муовини прокурори вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Хоҷазода Фурқат Файзалӣ соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро дар прокуратураи генералӣ оғоз намуда, минҳайси муфаттиш кор кардааст.

Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

Баъдан прокурори ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва прокурори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, полковник аст.

Ҳоҷазода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойгузини Ҳабибулло Воҳидов шуд. Воҳидов, соли 2015 прокурори Суғд таъйин гардида ҳудуди панҷ сол дар ин мақом фаъолият кард.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”

Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Воҳидов ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

148