Женщина в таджикском национальном костюме и маске

ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ  ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад

125
(Таҷдидшуда 16:14 25.10.2020)
Пешгирии издиҳом, нигоҳ доштани фосилаи ҷисмонӣ, пок нигоҳ доштани дастон, ҷудо кардани гумонбарон, ҳолатҳои эҳтимолӣ ва тасдиқшуда ва карантин кардани тамосҳои онҳо бояд ба як одат ҳамарӯза табдил ёбад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳафтаҳои наздик интизор меравад,  шумораи беморони нави гирифтори COVID-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиш ёбанд, гуфт Бахтигул Карриева, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон.

Ӯ ҳамзамон гуфтааст, афзоиши марг низ дар заминаи ин беморӣ аз эҳтимол дур нест.

Намояндаи СУТ афзуд, ки вазъ метавонад дар ҳолати мубоширати бевоситаи одамон ва интиқоли вирус ба нафарони солхӯрда якбора бад шавад.

"Пешбиниҳоде, ки тавассуди намунаи эпидимиологии боэътимод ба даст оварда шудаанд, хурсандиовар нест. Бино бар ин намунаҳои, бардошта шудани маҳдудиятҳо метавонанд ба он расонанд, ки моҳи январи соли 2021 нишондодҳои марг аз коронавирус назар ба моҳи апрел 4-5 маротиба бештар шавад", - тавзеҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи вай, муҳим аст, ки талаботи санитарию гигиениро сарфи назар накунем ва ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшем, зеро онҳо метавонанд то моҳи феврали соли 2021 беш аз 200 ҳазор ҷони одамонро наҷот диҳанд.

Мутахассис илова кард, ки маҳдудиятҳои шадидтар дар мубориза бо пандемия самарабахштар хоҳанд буд.

Муҳим: тавсияҳои ТУТ барои гирифтор нашудан ба "коронавирус"

Пешгирии издиҳом, нигоҳ доштани фосилаи ҷисмонӣ, пок нигоҳ доштани дастон, ҷудо кардани гумонбарон, ҳолатҳои эҳтимолию тасдиқшуда ва қарантин кардани тамосҳои онҳо-ин  чизест, ки бидуни гуфтан бояд риоят шавад, хулоса кард Карриева.

125
Барчаспҳо:
пешгирӣ, тадобир, вируси корона, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тоҷикистон
Медицинские работники в инфекционной больнице

Аз 12 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

240
(Таҷдидшуда 18:51 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони бемории коронавируси навъи COVID-19 марзи 12 ҳазорро убур кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 12008 нафар баробар гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон, дар давоми 24 соати охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба 11395 (94,9%) нафар баробар гардид.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

 "Аз аввали ҳамагирӣ то кунун бар асари ин беморӣ  86 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

240
Барчаспҳо:
маризӣ, сироят, беморӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ва муовинаш ба тафтиши беморхонаҳои шаҳри Душанбе баромаданд

208
(Таҷдидшуда 18:51 24.11.2020)
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

208
Барчаспҳо:
муовин, санҷиш, беморхона, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Дар Зеландияи Нав занҳои полиси ҳиҷобпӯш пайдо мешавад

0
(Таҷдидшуда 02:54 26.11.2020)
Полиси Зеландияи Нав эълом кард ҳиҷобро ба либоси расмии худ илова кардааст то занони мусалмонро ба сафи полис ташвиқ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи New Zealand Herald, Зина Алӣ, сухангӯи полиси ин кишвар гуфт, ки ҳадафи онҳо эҷоди нерӯи " фарогир " аст, ки бозтобдиҳандаи " гуногуниҳо " дар кишвар бошад ва худи ӯ ба унвони як афсари полис, аввалин маъмури боҳиҷоб хоҳад буд, ки дар ин тарҳи миллӣ мушорикат мекунад.

Зино Алӣ, ки як муҳоҷири мусулмони мутаваллиди ҷазоири Фиҷӣ аст ва дар даврони кӯдакӣ ҳамроҳи хонаводааш ба Зеландияи  муҳоҷират карда гуфтааст,  ки пас аз ҳамлаи террористии моҳи марти соли 2019 ба масҷиди шаҳри Черч Christ Church, тасмим гирифта ба нерӯи полиси Зеландияи Нав бипайвандад.

Бар асоси ин гузориш , пеш аз ин низ полиси метроролитени Лондон дар соли 2006 ва полиси Шотландия дар соли 2016 гузинаи либоси форми афсарони полис бо ҳиҷобро пешниҳод ва тасвиб карда буданд.

0
Барчаспҳо:
мусалмон, зан, полис, ҳиҷоб