Бармен разливает напитки, архивное фото

Коршинос гуфт, нӯшидани машруботи спиртӣ барои то 21-солаҳо чӣ хатар дорад

475
(Таҷдидшуда 14:27 02.11.2020)
Николай Говорин, муовини раиси Кумитаи думаи давлатӣ оид ба ҳифзи саломатӣ, Духтури шоистаи Федератсияи Русия, доктори илмҳои тиб, ташаббуси яке аз шӯъбаҳои Ӯзбекистонро дар бораи баланд бардоштани синну соли фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik.  Агентии рушди токпарварӣ ва шаробсозии назди Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки фурӯши машрубот ва тамоку ба шахсони то 21-сола маҳдуд карда шавад.

Ин лоиҳаи қонун дар Ӯзбекистон дар ҳоли баррасист ва дар сурати қабул гаштан, фурӯхтани машруботи спиртӣ то синни 21-сола манъ хоҳад шуд.

Николай Говорин, муовини раиси Кумитаи думаи давлатӣ оид ба ҳифзи саломатӣ, духтури шоистаи Федератсияи Русия, доктори илмҳои тиб гуфт, ки ин ташаббуси олиҷаноб аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия низ лоиҳаи қонуне аллакай омода аст, ки афзоиши синни фурӯши спирти сахтро ба 21 сол пешбинӣ мекунад.

"Табиист, ки ин боиси баҳсу мунозира дар ҷомеа мешавад ва хеле мушкил. Аммо мо, табибоне, ки солҳои зиёд дар самти мубориза бо бемориҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ кор карда истодаем - мӯътақидем, ки синну соле, ки шумо метавонед машруботи спиртӣ харед, бояд тадриҷан ба 21 сол расонида шавад. Дар наврасӣ одамон нисбат ба нӯшокиҳои сахт осебпазиртаранд. Вобастагии онҳо зудтар ба вуҷуд меояд, оқибатҳои он ҷиддитаранд. Коршиносони наркологияи мо ҳамеша мегуфтанд: одам ҳар қадар пештар ба нӯшидани спирт шурӯъ кунад, таназзули шахсият ҳамон қадар зудтар ба вуқӯъ мепайвандад. Табиист, ки оқибатҳо он ҳамеша ғамгинанд",-гуфт ӯ.

Таблиғи сигор ва машруботи алкулӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд

Ӯ гуфт, ҳамасола аз шаробхорӣ беш аз 450 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ҳалокат мерасанд.

475
Барчаспҳо:
хатар, Машруботи спиртӣ, Русия
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

28
(Таҷдидшуда 19:28 05.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

28
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Дидори ногаҳонӣ: Вазир аз бемористони ноҳияи Рӯдакӣ хабар гирифт

20
(Таҷдидшуда 18:34 05.12.2020)
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазорати тандурустӣ гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Қайд карда шудааст, ки вазир дар беморхонаҳои мазкур бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

20
Барчаспҳо:
дидан, Рӯдакӣ, бемористон, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон