Девушка сдает кровь для прохождения теста на наличие антител к вирусу SARS-CoV-2

Антителаҳо одамро чанд муддат аз коронавирус ҳифозат мекунанд: шарҳи олимон

835
(Таҷдидшуда 14:55 02.11.2020)
Маъмулан, антитела одамро аз дигарбора мубтало шудан ба коронавирус ҳифз мекунад. Инсони дорои антитела агар ба COVID - 19 гирифтор ҳам шавад, бемории ӯ сабук мегузарад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Олимон дақиқ намуданд, ки антитела дар бадани одами гирифтори коронавирус то чанд муддат боқӣ мемонад. Маҷаллаи Science бар тибқи маълумоти олимон хабар медиҳад, ки муҳлати нигоҳдории антитела дар бадани одам, 5 моҳро дарбар мегирад.

"Чунин давра дар сурате имконпазир аст, ки агар шахс ба беморӣ дар шакли сабук ё мӯътадил гирифтор шуда бошад. Антителаҳо метавонанд аз сирояти дубора бо коронавирус муҳофизат кунанд ё дар сурати дубора гирифтор шудан, ҷараёни он сабуктар мегузарад", - таъкид мешавад дар хабар.

Олимон ба чунин хулоса пас аз як таҳқиқот расиданд, ки дар кори он беш аз 30 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Маризии коронавирусро ҳанӯз 11 - уми марти соли ҷорӣ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт пандемия эълон карда буд. То ҳол вазъият дар ҷаҳон дар робита ба паҳншавии ин маризӣ ба эътидол наомадааст.

835
Барчаспҳо:
маризӣ, олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Согдийская клиническая больница

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

1048
(Таҷдидшуда 16:22 03.12.2020)
Баъд аз ҳафт моҳи давраи қарантин ва инак кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории каронавирус ё “вируси тоҷдор” Бемористони клиникавии Суғд ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад

ДУШАНЕБ, 3 дек – Sputnik. Баҳодур Мӯъминов, сартабиби Бемористони клиникавии Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавридҳои сироятёбӣ ба COVID-19, кам шудааст ва хушбахтона зарурати бозгашт ба реҷаи маъмулӣ ба вуҷуд омадааст.

Бино ба гуфти сартабиб қарор аст, сар аз ҳафтаи оянд, 7 декабр қисмате аз бахшҳои ин бемористон ба реҷаи маъмулӣ баргардонида шавад.

“Дар марҳилаи аввал, мо қисмати Б ро, ки асосан аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ иборат аст ба реҷаи муқаррарӣ мегузаронем. Ҳоло барои ин корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст. Аз ҳар як шахси масъули он, ташхис гирифта шудааст”, изҳор намуд сартабиб.

Бино ба гуфти Мӯъминов, барои баромадан аз реҷаи қарантинии қисме аз шуъбаҳои Бемористони клиникавии Суғд, вазири тандурустӣ ва раиси вилояти Суғд рухсат додаанд.

Бемористони клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар умум аз 26 шуъба ва 680 койка иборат буда, аз калонтарин бемористонҳо дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз замони сабти нахустин мавриди бемории “вируси карона” ин бемористон ба қарантин (красная зонна) гирифта шуд ва сироятшудагони COVID-19 ба ҳисоби Бемористони сироятии Суғд, асосан барои табобат ба ин ҷо интиқол дода мешуданд.

Баҳодур Мӯъминов дар шарҳи омори гирифторони бемории каронавирус худдорӣ варзиду танҳо ҳамин қадар гуфт, ки “кам шуд”.

Афзоиши фавт дар Суғд: аз ҳама бештар дар Хуҷанд

Омори расмии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ ҳокӣ аз он аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар кишвар кам шудааст.

Бегоҳии дирӯз 2 декабр, ин вазорат аз 38 ҳолати нави дарёфти сироятшавӣ ба COVID-19 хабар дод, ки дар умум шумори сабти беморон ба 12 ҳазору 269 нафар рақам зада мешавад.

Киҳо такроран мубталои коронавирус мешаванд? ҷавоби пизишк

Аз ин теъдод то имрӯз 11 ҳазору 677 нафар ё 95, 2% шифо ёфтаанд. Ба иттилоъи вазорати тандурустӣ то имрӯз бар асари хуруҷи ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

1048
Барчаспҳо:
омор, табобат, Беморхонаи марказии вилоят, вируси корона, Тоҷикистон, Суғд
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

423
(Таҷдидшуда 21:15 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаассифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

423
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

2754
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

2754