Вазорат: 677 нафар дар Тоҷикистон гирифтори коронавирусанд

1174
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар кишвар 677 нафар гирифтори коронавирус мебошанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта 42 ҳолати ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.

Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз охири моҳи апрел то шоми имрӯз 11 ҳазору 96 нафар гирифтори коронавирус гардиданд.

Вазорат тавзеҳ дод, ки то шоми имрӯз 10 ҳазору 337 нафар шифо ёфта, 82 нафар фавтидаанд. Бар асоси ин омор, теъдоди онҳое, ки айни ҳол дар Тоҷикистон, расман гирифтори коронавирусанд 677 нафарро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10337 (93,1%)  баробар гардид”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи гузашта ҳеҷ ҳолати фавт аз ин маризӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус ҳамоно 82 нафарро ташкил медиҳад.

1174
Тақсими ниқобҳои ройгон дар шаҳри Душанбе

Ҳар рӯз 1000 ниқоб: табибони ҷавони Душанбе ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

68
(Таҷдидшуда 20:06 04.12.2020)
Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе ҳар рӯз 1000 донаӣ ниқоби тиббии ройгон тақсим мекунанд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар Душанбе бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 бо шаҳрнишинон суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии  "Иттиҳоди табибони ҷавон" гузаронида шудааст.

Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе
Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе

Гуфта мешавад, ки онҳо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат ва вохуриҳо доир карда, ба онҳо ройгон ниқобии тиббӣ тақсим кардаанд.

Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

"Чорабинии мазкур дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе, ба вижа миёни истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар рафти он аз ҳисоби табибони ҷавон ба аҳолӣ бобати зарурати истифодаи ҳатмии ниқоб ва риоя ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, вохуриҳо доир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти иқдоми пешгирифта беш аз 1000 адад ниқоби тиббӣ  ба аҳолӣ тақдим карда шуда, чунин ташаббус аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" ҳамарӯза дар ҷойҳои серодам гузаронида хоҳад шуд.

68
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Человек держит защитную медицинскую маску в руке

Фавти 347 нафар аз коронавирус дар Эрон тайи як шабонарӯз

40
(Таҷдидшуда 20:46 04.12.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 347 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 341 бемори ҷадиди коронавирус шиносоӣ шуд.

Бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон аз қавли Лорӣ хабар дод, ки аз гирифторони ошкоршуда 1 ҳазору 996 нафар бистарӣ шуда, ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд. .

"Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 347 бемори Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 49 ҳазору 695 нафар расид", - илова намудаст сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон.

Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 1 миллиону 16 ҳазору 835 нафар расидааст, ки то кунун 708 ҳазору 106 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 65 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод як миллиону 513 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 45 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

40
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Эрон, Вазорати тандурустӣ
Вакцина

Нахустин ваксинаи эронӣ бар зидди вируси корона муҷаввизи озмоиши инсонӣ гирифт

0
(Таҷдидшуда 12:20 05.12.2020)
Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз эътои коди ахлоқ дар пажӯҳиш ба аввалин ваксинаи эронии корона ва вурӯди ин ваксина ба марҳалаи озмоиши инсонӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур,  ахиран дар саҳифаи “Твиттир” -и худ навиштааст, ки ваксинаи ғайрифаъоли ширкати "Шифо Формад" ба унвони аввалин ваксинаи эронии Ковид-19 бо дарёфт коди ахлоқ, вориди марҳалаи мутолиаи болинӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, пажӯҳишгари аслии ин тарҳ доктор Минӯ Муҳраз, устоди донишгоҳ ва узви Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон аст.

Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран эълом карда буд, ба зудди Эрон ба унвони яке аз кишварҳои пешрав дар сохти ваксинаи корона дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд.

Christoph Hamelmann, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон, 16 ноябр дар нишасти баррасии пешрафти тавлиди ваксинаи корона дар Эрон аз пешрафтҳои илмӣ ва доруӣ дар Эрон ибрози хушҳоли карду гуфт, истифодаи муҳаққиқони Эрон аз ҳамаи равишҳо барои сохти ваксинаи корона, нишонаи он аст, ки эҷоди маҳдӯдиятҳои сиёсӣ таъсир дар масири пешрафти илмии Эрон надоштааст.

0
Барчаспҳо:
дармон, беҳдошт, вазорат, Эрон