Различные противовирусные лекарства.

Вазорат: фаъолияти 409 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор гирифт

187
(Таҷдидшуда 12:58 05.11.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон доштааст, ки зимни санҷишҳо дар муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй маводҳои доруворӣ аз муомилот гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран бо мақсади пешгирӣ аз истифодаи маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуданд.

Тибқи иттилои вазорат, давоми 9 моҳи соли 2020 фаъолияти 409 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор гирифтааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй  маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 11392 адад аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамзамон, вазорати тандурустии кишвар қайд кардааст, ки бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 56 918 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифати ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

187
Барчаспҳо:
санҷиш, дорусозӣ, дору, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Тақсими ниқобҳои ройгон дар шаҳри Душанбе

Ҳар рӯз 1000 ниқоб: табибони ҷавони Душанбе ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

22
(Таҷдидшуда 20:06 04.12.2020)
Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе ҳар рӯз 1000 донаӣ ниқоби тиббии ройгон тақсим мекунанд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар Душанбе бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 бо шаҳрнишинон суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии  "Иттиҳоди табибони ҷавон" гузаронида шудааст.

Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе
Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе

Гуфта мешавад, ки онҳо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат ва вохуриҳо доир карда, ба онҳо ройгон ниқобии тиббӣ тақсим кардаанд.

Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

"Чорабинии мазкур дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе, ба вижа миёни истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар рафти он аз ҳисоби табибони ҷавон ба аҳолӣ бобати зарурати истифодаи ҳатмии ниқоб ва риоя ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, вохуриҳо доир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти иқдоми пешгирифта беш аз 1000 адад ниқоби тиббӣ  ба аҳолӣ тақдим карда шуда, чунин ташаббус аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" ҳамарӯза дар ҷойҳои серодам гузаронида хоҳад шуд.

22
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Человек держит защитную медицинскую маску в руке

Фавти 347 нафар аз коронавирус дар Эрон тайи як шабонарӯз

12
(Таҷдидшуда 20:46 04.12.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 347 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 341 бемори ҷадиди коронавирус шиносоӣ шуд.

Бахши тоҷикии радиои Садои Хуросон аз қавли Лорӣ хабар дод, ки аз гирифторони ошкоршуда 1 ҳазору 996 нафар бистарӣ шуда, ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд. .

"Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 347 бемори Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 49 ҳазору 695 нафар расид", - илова намудаст сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон.

Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 1 миллиону 16 ҳазору 835 нафар расидааст, ки то кунун 708 ҳазору 106 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 65 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод як миллиону 513 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 45 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

12
Барчаспҳо:
фавт, беморӣ, Эрон, Вазорати тандурустӣ

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

0
(Таҷдидшуда 20:02 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

0
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон