Пробирки с тестами на коронавирус

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 62 ҳазор гузашт

45
(Таҷдидшуда 17:43 07.11.2020)
Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар кишвар 62 304 нафар гирифтори коронаврус шудааст. Шабонарӯзи гузашта шумораи бештарини гирифторон дар шаҳри Бишкек сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 556 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи  COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Шумораи бештарини сироятшудагон дар шаҳри Бишкек ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 160 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Чуй — 95, вилояти Ҷалолобод — 91; вилояти Ӯш — 54, вилояти Ботканд — 50; Ӯш — 42, вилояти Иссиқкӯл — 40, вилояти Талас — 17 ва Норин — 7.

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 62 304 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Аз саршавии беморӣ то кунун 53 406 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карда, шифо ёфтанд.

Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ду мариз ҷон бохта, аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1 172 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

45
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Согдийская клиническая больница

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

1118
(Таҷдидшуда 16:22 03.12.2020)
Баъд аз ҳафт моҳи давраи қарантин ва инак кам шудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории каронавирус ё “вируси тоҷдор” Бемористони клиникавии Суғд ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад

ДУШАНЕБ, 3 дек – Sputnik. Баҳодур Мӯъминов, сартабиби Бемористони клиникавии Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавридҳои сироятёбӣ ба COVID-19, кам шудааст ва хушбахтона зарурати бозгашт ба реҷаи маъмулӣ ба вуҷуд омадааст.

Бино ба гуфти сартабиб қарор аст, сар аз ҳафтаи оянд, 7 декабр қисмате аз бахшҳои ин бемористон ба реҷаи маъмулӣ баргардонида шавад.

“Дар марҳилаи аввал, мо қисмати Б ро, ки асосан аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ иборат аст ба реҷаи муқаррарӣ мегузаронем. Ҳоло барои ин корҳои безараргардонӣ гузаронида шудааст. Аз ҳар як шахси масъули он, ташхис гирифта шудааст”, изҳор намуд сартабиб.

Бино ба гуфти Мӯъминов, барои баромадан аз реҷаи қарантинии қисме аз шуъбаҳои Бемористони клиникавии Суғд, вазири тандурустӣ ва раиси вилояти Суғд рухсат додаанд.

Бемористони клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар умум аз 26 шуъба ва 680 койка иборат буда, аз калонтарин бемористонҳо дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз замони сабти нахустин мавриди бемории “вируси карона” ин бемористон ба қарантин (красная зонна) гирифта шуд ва сироятшудагони COVID-19 ба ҳисоби Бемористони сироятии Суғд, асосан барои табобат ба ин ҷо интиқол дода мешуданд.

Баҳодур Мӯъминов дар шарҳи омори гирифторони бемории каронавирус худдорӣ варзиду танҳо ҳамин қадар гуфт, ки “кам шуд”.

Афзоиши фавт дар Суғд: аз ҳама бештар дар Хуҷанд

Омори расмии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ ҳокӣ аз он аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар кишвар кам шудааст.

Бегоҳии дирӯз 2 декабр, ин вазорат аз 38 ҳолати нави дарёфти сироятшавӣ ба COVID-19 хабар дод, ки дар умум шумори сабти беморон ба 12 ҳазору 269 нафар рақам зада мешавад.

Киҳо такроран мубталои коронавирус мешаванд? ҷавоби пизишк

Аз ин теъдод то имрӯз 11 ҳазору 677 нафар ё 95, 2% шифо ёфтаанд. Ба иттилоъи вазорати тандурустӣ то имрӯз бар асари хуруҷи ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

1118
Барчаспҳо:
омор, табобат, Беморхонаи марказии вилоят, вируси корона, Тоҷикистон, Суғд
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

425
(Таҷдидшуда 21:15 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаассифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

425
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ бо як қарор фонди қарзии хурди “Файзи Сурхоб”-ро барҳам дод

0
(Таҷдидшуда 01:43 04.12.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди  “Файзи Сурхоб” хабар дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ таҳти №156 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ФҚХ “Файзи Сурхоб” бозхонд карда шуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи аз 01 декабри соли равон қабул шудааст.

Ин ниҳод сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро шарҳ надодааст.

Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Ёдовар мешавем, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран бо як қарор иҷозатномаи ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”-ро бозхонд кард.

0