СҶБ: шумори сироятёфтагон ба Covid-19 дар саросари ҷаҳон наздик ба 51 миллион расид

95
(Таҷдидшуда 17:01 09.11.2020)
Шумори сироятёфтагон ба Covid-19 дар саросари ҷаҳон ба 51 миллион наздик шудааст. Рӯзи сеюм аст, ки дар Русия давоми як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор мубталои нав сабт карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълон кардааст, ки шумори мубталоён ба Covid-19- дар саросари ҷаҳон ба 50 миллиону 739 ҳазору 516 нафар расидааст.

Ба гуфтаи ҳамин Созмон, дар шабонарӯзи сипаришуда боз 91 ҳазору 152 нафар дар саросари олам чун мубталои нав ба қайд гирифта шуданд.

“Аз Covid-19 дар саросари дунё 1 миллиону 262 ҳазору 147 нафар фавтидаанд. Аз ин беморӣ то кунун 35 миллиону 796 ҳазору 183 нафар пурра муолиҷа шудаанд”, таъкид доштааст манбаъ.  

Бояд қайд кард, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар кишварро шоми дирӯз 11336  нафар ва фавтидагонро 83 нафар эълон кард. То кунун 10653 (94,0%) нафар пурра муолиҷа шуданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд.  

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки Амрико, Ҳиндустон ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар мубталоён ба КОВИД-19 доранд.

Дар Қирғизистон тайи шабонарӯзи гузашта 515 сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд.

Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 610 сироятшудаи навро ба қайд гирифта шуд. Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 116772 нафар расидааст ва 1857 ҷон додаанд.

Дар Белорусия то 8 ноябри соли 2020 106 279 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ то кунун 1007 нафар фавтидаанд. Ин кишвар эълон кард, ки то кунун 2 689 137 тест ба коронавирус гузаронида шудааст.  

Дар Русия сеюмин рӯз аст, ки аз 20 ҳазор бештар мубталои нав ба коронавирус сабт мешавад.

Шумори гирифторон ба ин вирус ба 1 миллиону 774 ҳазору 334 нафар расида, аз ин беморӣ то ба имрӯз 30 537 нафар ҷон додаанд.

Шабонарӯзи гузашта мақомоти тандурустии Русия аз марги 286 нафар аз COVID-19 хабар доданд.

95
Барчаспҳо:
миллион, сироят, Русия, ҷаҳон, вируси корона
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

370
(Таҷдидшуда 21:15 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаассифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

370
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Муаррифии ваксинаи "Sputnik V" –и Русия дар СММ

166
(Таҷдидшуда 17:32 02.12.2020)
Федератсияи Русия аз нахустин кишварҳои созандаи ваксинаи зидди коронавирус дастовардашро дар СММ муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии Русия дар ин созмон ва Вазорати тандурустӣ ваксинаи Sputnik V-ро муаррифӣ мекунанд.

"Дар чорабинӣ роҳбари Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, Михаил Мурашко, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев ширкат меварзанд",-хабар медиҳад РИА Новости аз қавли сухангӯи намояндагии доимӣ Фёдор Стржижовский.

Номбурда гуфтааст, ки чорабинии маҷозии "Sputnik V: Ваксинаи зидди COVID-19" дар ҳошияи иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст дар бораи ваксинаи сохти Русия маълумоти муфассал дода мешавад.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Навбат барои дарёфти ваксинаи Русия: Урупо бойкот мекунад - видео

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

166
Барчаспҳо:
вируси корона, дору, СММ, Русия
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт

0
Вазори тандурустии Тоҷикистон аз "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ" дидан намуд ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

"Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  идома дорад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни омодагии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ", ки  дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии  сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо ҷараёни хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.

Вазири фаъол: чаро Абдуллозода аз беморхонаҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан кард?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

0