Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото

Вазорати тандурустӣ: молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуд

105
(Таҷдидшуда 20:01 09.11.2020)
Вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар 85-муассисаҳои фармасевтӣ ва 71-МТП–и давлатӣ ва ғайридавлатии вилояти Суғд санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 168 номгӯй ба миқдори 1600-адад маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиении мӯҳлати истифодабариашон сипаригашта  ва 177 номгӯй ба миқдори 2041 адад маводҳои доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиении бесертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуданд.

Манбаъ қайд кардааст, ки давоми нуҳ моҳи соли равон нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, МТП-ҳои давлатӣ, МТП-ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қарор гирифта протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда.

“Дар маҷмӯъ 121-протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  ҷаримаҳо ба фоидаи буҷаи давлат ситонида шуданд”, - зикр кардааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд бо тариқи сузонидан 946 номгӯй, ба миқдори 960 ҳазору 898 адад маводҳои доруворӣ молҳои тиббӣ, ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ ва бесертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуданд.

105
Барчаспҳо:
Суғд, нобуд, маводи доруворӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

379
(Таҷдидшуда 21:15 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаассифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

379
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Муаррифии ваксинаи "Sputnik V" –и Русия дар СММ

167
(Таҷдидшуда 17:32 02.12.2020)
Федератсияи Русия аз нахустин кишварҳои созандаи ваксинаи зидди коронавирус дастовардашро дар СММ муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии Русия дар ин созмон ва Вазорати тандурустӣ ваксинаи Sputnik V-ро муаррифӣ мекунанд.

"Дар чорабинӣ роҳбари Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, Михаил Мурашко, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев ширкат меварзанд",-хабар медиҳад РИА Новости аз қавли сухангӯи намояндагии доимӣ Фёдор Стржижовский.

Номбурда гуфтааст, ки чорабинии маҷозии "Sputnik V: Ваксинаи зидди COVID-19" дар ҳошияи иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст дар бораи ваксинаи сохти Русия маълумоти муфассал дода мешавад.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Навбат барои дарёфти ваксинаи Русия: Урупо бойкот мекунад - видео

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

167
Барчаспҳо:
вируси корона, дору, СММ, Русия
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

0
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

0
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон