Люди в медицинских масках идут по улице

Пизишк хатарноктарин паҳнкунандагони коронавирусро гуфт

978
(Таҷдидшуда 12:57 13.11.2020)
Ба гуфти пизишки рус Александр Карабиненко бемороне, ки коронавирусро паси сар мекунанд, дер боз паҳнкунандаи асосии вирус боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Маълум шуд, одамоне, ки пас аз шифо ёфтан аз маризии COVID  - 19 ниқоби тиббӣ намепӯшанд, хатарноктарин паҳнкунандаи вирус ҳастанд.

Би гуфти пизишки шоистаи Русия, пулмонолог, доктори илмҳои тиб Александр Карабиненко маҳз шаҳрвандоне, ки коронавирусро паси сар карданд, барои дигарон хатари бузург доранд.

Карабиненко дар суҳбат бо "Лента.ру" таъкид кард, ки коронавирус пас аз сиҳат шудани бемор озодона метавонад дигаронро сироят кунад.

Коршинос қайд кард, ки мутаассифона миёни беморон бештари вақт ҷавонон ҳастанд, ки камтар ба гап гӯш медиҳанд ва нисбати саломатии худу атрофиён беғам ҳастанд.

Ба ҳамин далел, пизишк қайд мекунад, ки новобаста аз шифо ёфтан, бояд сартосар ҳама ниқоби тиббӣ пӯшанд.

Табиб гуфт, истеъмоли кадом хӯрокҳо ҳангоми гирифторӣ ба COVID-19 манъ аст

Пештар муовини раҳбари Пажӯҳишгоҳи марказии Роспотребнадзор Александр Горелов гуфта буд, аксари кӯдакон бемории коронавирусро ба осонӣ паси сар мекунанд, вале вирус дар бадани онҳо дар қиёс бо бадани калонсолон дарозтар зинда мемонад.

Ин маънои онро дорад, ки кӯдакон беш аз ҳама метавонанд, манбаъи сирояткунӣ бошанд.

978
Барчаспҳо:
пизишк, вируси корона, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (864)
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд акс

45
(Таҷдидшуда 18:22 01.12.2020)
Масъулони Маркази мубориза бо бемории ВНМО дар мавзеъи бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд маъракаи ташхиси ройгон аз ин маризиро роҳандозӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Фирӯз Комилов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар вилояти Суғд гуфт, ин кор бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва огоҳонидани мардум аз хатари сироятёбии ВНМО аст.

Ӯ гуфт, дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО, онҳо клиникаи сайёрро ба “Панҷшанбе” аз маконҳои серодами Хуҷанд интиқол дода ва аз хоҳишмандон гирифтани ташхиси ройгони бемориҳоро фароҳам кардаанд.

“Дар дохили клиникаи сайёр (мобильная клиника) ташхиси бемориҳои ВНМО, оташак (РВ) ва зардпарвини навъи В, С гирифта мешавад. Ташхиси ин бемориҳо дар 20 дақиқа хатм мешавад”,-афзуд директор.

Бино ба гуфти Комилов, клиникаи сайёр ба ҳисоби ташхисгоҳ,бо таҷҳизоти сабти барқии дил (ЭКГ), сабти фаросавтӣ (УЗИ) муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон аз ҷониби духтури амрози дарунӣ барои мизоҷон маслиҳати ройгони тиббӣ дода мешавад.

Ин клиникаи сайёр, се соли пеш дар доираи барномаи беҳтарсозии шароити хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Русия ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд тақдим карда шудааст.

То ин ҷониб беш аз 15 ҳазор сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд оиди бемории ВНМО ва зардпарвин тавассути ҳамин клиникаи сайёр аз ташхис гузаштаанд. Фирӯз Комилов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори гирифторони ВНМО ро шарҳ дода гуфт, ки сар аз соли 2001 то имрӯз 2976 нафар дар Суғд ба ВНМО (СПИД) сироят шудаанд.

Аз ин шумор 1848 мард ва 1128 каси дигар занон буда, дар ин давра 875 нафар аз ҷамъи гирифторони ин беморӣ фавтидаанд.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд
Sputnik
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Умарзода дар бораи теъдоди мубталоёни ВНМО дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 214 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд. Соли гузашта дар давра 343 нафар гирифторони ВНМО (СПИД) сабт шудаанд.

Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Коҳиши рақамҳои омориро масъулин аз дарёфти иттилои бештари аҳолӣ дар бораи хатару паёмадҳои ин беморӣ марбут медонанд.

45
Барчаспҳо:
гирифторони ВИЧ, табобат, СПИД, ташхис, Суғд, Тоҷикистон
Табибон дар беморхонаи сироятӣ, акс аз бойгонӣ

Ду ҳафта бидуни фавт: охирин омори COVID-19 дар Тоҷикистон

128
(Таҷдидшуда 20:40 30.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, наздики ду ҳафта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 30 ноябр 12 ҳазору 194 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 599 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Охирин ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ 18 ноябр ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 95,1%-и гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ шифо ёфта, барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

128
Барчаспҳо:
вируси нав, фавт, Тоҷикистон

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

0
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ҳамин ҳол, шумораи ҳолатҳои ошкоргардида дар як рӯз назар ба моҳи гузашта кам шудааст
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори ноябрӣ
© Sputnik

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифтори корнавирус дар кишвар дар як рӯз дар моҳи ноябр рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Рӯзҳои ахири ҳафта дар ҷумҳурӣ на зиёд аз 45 нафар бемор дар як рӯз ошкор мегардид. Дар ҳамин ҳол шумораи сиҳатёфтагон азCOVID-19 дар ҳар як рӯзи аввали моҳи ноябр аз 50 то 60 нафар гуфта мешуд, охирҳои моҳ ин нишондод то 40 кас кам гардид.

Ҳамчунин, дар як моҳи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок шуданд.

Ҳамагӣ аз оғози ҳамагирӣ аз инфексияи намуди нав дар Тоҷикистон 12 194 тан сироят ёфта, 11599 кас шифо ёфтаанд ва аз ин маризӣ 86 тан ҳалок шудаанд.

Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

Ҷумҳурӣ чун пештара аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ҷои чорумро мегириад. Дар ҷои авал Қазоқистон(131 659), дувум Қирғизистон (72 807), севум - Ӯзбекистон (72 920).

Туркманистон то ҳол ягона кишварест дар Осиёи Макразӣ, ки расман ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷоришуда дар пайи пандемия идома доранд. Чанде пеш Сироди мубориза бо коронавирус қарор дод, ки таҷлили Соли нав дар кишвар лағв мешавад. 

Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Дар ҳамин ҳол, моҳи ноябр дар зиндонҳои Тоҷикистон иҷозат шуд, ки маҳбусон бо наздиконашон дидор кунанд.

Аз 29 ноябр дар кишвар парвозҳои дохилӣ бақарор карда шуданд. Дар Русия бошад муҳоҷирон метавонад ба хатсайрҳои чартерӣ бидуни номнавис шудан аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ озодона чипта харанд.

0