Ворота на въезде в Куляб

Вазорат гуфт бемористони шаҳри Кӯлоб пурра ба фасли зимистон омода шудааст

43
(Таҷдидшуда 13:33 13.11.2020)
Вазорати тандурустӣ эълон даштааст, ки бузургтарин беморхонаи бисёрсоҳавии клиникии ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб барои муътадил гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои зарурӣ андешидааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, имрӯз дар беморхона дастгоҳҳои тақсимоти барқ пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои  шишабиндию  захираи маводи сӯхт низ ба  анҷом  расидаанд.

Масъулини ин муассисаи тандурустӣ таъкид доштаанд, ки беморхонаи мазкур ба хатти нави барқ пайваст буда, ҳамаи  биною утоқҳо шишабандӣ гардида,  бо таҷҳизоти муосири гармидиҳанда муҷаҳҳаз мебошад.

“Барои таъмини барқ дар ҳолатҳои зарурӣ  ду адад муҳаррикҳои дизелиии барқдиҳанда дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд”, - таъкид доштааст масъулини ин муассиса.

Гуфта шудааст, ки дар беморхонаи мазкур ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва системаи гармидиҳии маркази перинаталӣ аз панелҳои офтобӣ неру мегиранд ва барои сарфаи қувваи барқ мусоидат мекунанд.

43
Барчаспҳо:
зимистон, беморхона, вазорат, тандурустӣ, Тоҷикистон

СҶБ: агар имкони риояи фосилаи иҷтимоӣ мавҷуд набошад, пас ҳатман ниқоб пӯшед

25
(Таҷдидшуда 13:07 04.12.2020)
Тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони то синни 12 - сола дахл дорад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт дастури ҷадид бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб нашр намудаст.

Бар тибқи дастури нави СҶБ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабу мағоза ва ҷойҳои умумии корӣ ҳам барои одамони калонсол ва ҳам барои кӯдакони то синни 12-сола шарт ва зарур аст.

"Чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳо пӯшида шаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст.

Ҳамзамон барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад.

25
Барчаспҳо:
тавсия, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Русия гуфт, ки ваксинаашро чандпулӣ мефурӯшад

414
(Таҷдидшуда 12:40 04.12.2020)
Арзиши ваксинаи коронавируси “Спутник V”- и Русия барои як воя на кам аз 10 доллар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ин бора зимни Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия (ФСМР) зимни рӯнамоии ваксинаи нав дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ хабар дод.

Кирилл Дмитриев гуфтааст, ваксинаи сохти Русия дар муқоиса бо дигар ваксинаҳо яке аз арзонтаринҳо хоҳад буд ва қарор аст он ба тамоми кишварҳо бо як нарх дастрас гардад.

Номбурда гуфт, ҳамзамон имкони истеҳсоли ин ваксина дар Миср ва Нигерия низ ҳаст.

Ба гуфтаи Фонди сармоягузории мустақими Русия, шурӯъ аз моҳи марти соли оянд Русия нақша дорад, ҳар моҳ 30 миллион вояи ваксинаи “Спутник V”-ро ба хориҷ содир намояд.

“Мо бо теъдоди зиёди шарикони саноатӣ кор карда истодаем, то истеҳсолотро ба таври назаррас зиёд намоем. Пас аз қонеъ гардонидани талабот дар Русия, мо онро барои истеҳсоли ваксинаҳое, ки ба дигар кишварҳо интиқол дода мешаванд, истифода мебарем”,- афзудааст, Кирилл Дмитриев.

Гуфта мешавад, то кунун зиёда аз 40 кишвар, ки дар онҳо зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба ваксина таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва  фонд барои зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион воя ваксина дархост гирифтааст.

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия қаблан низ эълом кард, ки нархи ҳадди аксари як вояи (доза) ваксина алайҳи COVID-19 аз ҳазор рубл зиёд нахоҳад шуд.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

 

414
Барчаспҳо:
вируси корона, истеҳсол, дору, рӯнамоӣ, СММ, Русия
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, акс аз бойгонӣ

Зариф гуфт, Эрон дубора дар бораи тавофуқоти ҳастаӣ музокирот намекунад

0
Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ИМА бояд бидуни шартгузориҳои ҷадид ба тааҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии Барҷом ҳамон тавре, ки дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, амал кунад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷии Эрон, зимни нишасти маҷозии гуфтугӯҳои Медитарона гуфт, барои он чизе, ки дар тавофуқи ҳастаӣ ба даст оварданд, дубора музокира нахоҳанд кард.

“Урупо ва Амрико бояд ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ тааҳуд дошта бошанд ва Амрико ҳам дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад шарт бигзорад. Агар тарафҳои Барҷом ба тааҳудоташон амал накунанд, қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз  ҳуқуқи миллати Эрон” иҷро хоҳад шуд",- гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли вазири умури хориҷаи Эрон.

Манбаъ афзуд, бар асоси қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат ё худ ҳифозат аз ҳуқуқи миллати Эрон", ки 9 модда дорад, давлати Эрон муваззаф аст дар сурати иҷро нашудани тааҳудоти кишварҳои тарафи тавофуқи ҳастаӣ, як моҳ пас аз тасвиби ин қонун иҷрои довталабонаи санади протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.

Протоколҳои илҳоқӣ санадест, ки ба муҷиби он кишварҳои узви МАГАТЭ ба бозрасони агентӣ иҷозаи бозрасӣ аз ҳар маконе, ки зарурӣ бидонанд, медиҳанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба сукути се кишвар - Олмон, Фаронса ва Англия дар қиболи террори доктор Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон гуфт: "Террори доктор Фахризода як таҷовузи байналмилалӣ аст ва мо ҳанӯз мунтазирем Англия, Фаронса ва Олмон онро маҳкум кунанд".

0
Барчаспҳо:
БАРҶОМ, созишнома, тавофуқи ҳастаӣ, Эрон