Дар як рӯз: 13 ҳазор эронӣ ба коронавирус мубтало шуда, 486 бемор фавтиданд

67
(Таҷдидшуда 20:16 16.11.2020)
Дар Эрон давоми 24 соати ахир беш аз 13 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардида, ҳамчунин фавти 486 нафар низ ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 13 ҳазор бемори нави мубтало ба вируси корона ва фавти 486 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Манобеи "Парс тудей" аз қавли Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон менависад, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 53 бемори нави мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод се ҳазору 133 нафар бистарӣ шуданд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 775 ҳазору 121 нафар расидааст, афзуд: маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ дар Эрон ба 41 ҳазору 979 нафар афзоиш ёфтааст.

Табобати наздики 11 ҳазор кас аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 564 ҳазору 699 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 55 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 325 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 38 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

67
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (851)
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ва муовинаш ба тафтиши беморхонаҳои шаҳри Душанбе баромаданд

101
(Таҷдидшуда 18:51 24.11.2020)
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

101
Барчаспҳо:
муовин, санҷиш, беморхона, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Вазорат аз 39 ҳолати нави сироятёби ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод

54
(Таҷдидшуда 19:02 24.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 24 ноябр 11 ҳазору 971 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 355 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8% - и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID - тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

54
Барчаспҳо:
фавт, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон
День 25 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:29 24.11.2020)
Рӯзи бисту панҷуми ноябр аз Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Сли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

 

Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото
© Sputnik
Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото

 

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

 

Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото
© AFP 2020 / JONATHAN NACKSTRAND
Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото

 

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

© Sputnik / Алексей Никольский
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

 

Ссоли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Сли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Солҳои 1887-1943 генетики рус, ботаник ва географи Тоҷикистон Николай Вавилов.

Солҳои 1934-1984  композитор Дости Орзуев.

Солҳои 1938-2007 ходими нишондодаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон