Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 69 ҳазор гузашт

57
(Таҷдидшуда 15:43 21.11.2020)
Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар кишвар 69 149 нафар гирифтори коронаврус шудааст. Шабонарӯзи гузашта шумораи бештарини гирифторон дар шаҳри Бишкек сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 447 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи  COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, шумораи бештарини сироятшудагон дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй ба қайд гирифта шудааст.

Дар Бишкек дар муддати 24 соати гузашта — 200 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Чуй — 86, вилояти Ҷалолобод — 29; вилояти Ӯш — 25, вилояти Ботканд — 17; Ӯш — 16, вилояти Иссиқкӯл — 49, вилояти Талас — 20 ва Норин — 5.

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 69 149 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Аз саршавии беморӣ то кунун 60 294 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карда, шифо ёфтанд.

Дар давоми 24 соати охир дар кишвар чор мариз ҷон бохта, аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1 227 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

57
Барчаспҳо:
вируси корона, бемор, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (851)
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ва муовинаш ба тафтиши беморхонаҳои шаҳри Душанбе баромаданд

80
(Таҷдидшуда 18:51 24.11.2020)
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

80
Барчаспҳо:
муовин, санҷиш, беморхона, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Вазорат аз 39 ҳолати нави сироятёби ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод

41
(Таҷдидшуда 19:02 24.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 24 ноябр 11 ҳазору 971 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 355 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8% - и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID - тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

41
Барчаспҳо:
фавт, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон