Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района

Дар шаҳри Ваҳдат панҷ бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид

62
(Таҷдидшуда 19:35 21.11.2020)
Давоми соли равон дар шаҳри Ваҳдат панҷ бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти навтарини соҳавӣ сохта ба истифода дода шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бунёди муассисаҳои тандурустии замонавӣ ва бо таҷҳизоти навтарини соҳавӣ таъмин намудани онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ин ниҳод буда, ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ мебошад.

Бино ба гузориши Вазорати беҳдошт, тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар садҳо иншооти тандурустии замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳадафи ҳукумат: бунёди 941 иншооти тиббӣ то 30 солагии Истиқлолият дар Хатлон

"Танҳо соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат 5 бунгоҳи тиббии хуштарҳ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд", - омадаатс дар хабарнома.

Манбаъ афзудааст, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар азнавсозӣ, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин раванд дар самти таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

Ёдрас мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон буҷаи давлатии соли 2021 тасдиқ кард ва барои соҳаи тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомониро ҷудо намуд.

62
Барчаспҳо:
тарҳи замонавӣ, бунёди бунгоҳ, бунгоҳҳо, Ваҳдат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ва муовинаш ба тафтиши беморхонаҳои шаҳри Душанбе баромаданд

69
(Таҷдидшуда 18:51 24.11.2020)
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондаанд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон шахсан аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид вазири тандурустии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур аз наздик шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Гуфта шудааст, ки вазир дар ҳамин муассиаи тиббӣ бо чанд беморон дидору гуфтугӯ кард.

Инчунин манбаъ, таъкид доштааст, ки шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Вазорат зикр кардааст, ки муовини вазир бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, шинос шуд ва бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ кард.

Қайд карда шудааст, ки зимни вохурӣ по беморон вобаста ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуданд.

69
Барчаспҳо:
муовин, санҷиш, беморхона, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Вазорат аз 39 ҳолати нави сироятёби ба COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод

36
(Таҷдидшуда 19:02 24.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 24 ноябр 11 ҳазору 971 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 355 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8% - и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID - тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

36
Барчаспҳо:
фавт, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон