Фавти 475 нафар дар як шабонарӯз аз коронавирус дар Эрон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 13 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 475 нафар дар 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, Симо Содот Лорӣ рӯзи якшанбе гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 53 бемори ҷадиди коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд.

Роспотребнадзор ввел всеобщий масочный режим - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: Аврупоро мавҷи сеюми коронавирус дар аввали соли 2021 таҳдид мекунад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз ин теъдод ду ҳазору 160 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияти беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонда шуд."

Манбаъ аз қавли Лорӣ афзуд, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 854 ҳазору 361 нафар расидааст.

"Мутаассифона  дар 24 соати гузашта, 475 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 44 ҳазору 802 нафар расидааст", - омадааст дар иттилоия.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 603 ҳазору 445 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Таъкид шудааст, ки теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 58 миллиону 600 нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 388 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 40 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0