Пассажиры в защитных масках в тегеранском метро

Пизишк роҳҳои гирифтор нашудан ба COVID - 19 -ро нишон дод

378
(Таҷдидшуда 12:39 09.12.2020)
Ба гуфти пизишки иммунолог Владислав Жемчугов эҳтимоли сироятёбӣ ба коронавирус аз консентратсияи микроорганизмҳо дар ҳаво вобаста аст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Хатари бузургтарин барои сироят шудан ба коронавирус дар дохили бино вуҷуд дорад, гуфт иммунолог Владислав Жемчугов дар мусоҳиба бо радиои Sputnik.

Барои кам кардани хатари паҳншавии COVID-19, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, идораҳо ва дӯконҳо вентилятсияи хуб лозим аст, гуфт коршинос.

Олимон гуфтанд, барои ҷуброни камҳаракатӣ дар ҷои кор чӣ бояд кард

Ба гуфти ӯ, дар дохили бино, консентратсияи микробҳо нисбат ба кӯча, зиёдтар аст. Мунтазам, тоза кардани обу ҳавои бино ба ҳалли ин мушкил мусоидат хоҳад кард.

"Дар нақлиёт, алахусус дар метро, ​​иқтидори кондитсионерҳоро зиёд кардан лозим аст", - таъкид кард Жемчугов.
Инчунин, табиб аз зарурати пӯшидани ниқоб ёдоварӣ кард.

Ҳамзамон, иммунолог тару тоза нигоҳ доштани хона ва коргоҳро аз омили дигари паст кардани хавфи гирифторшавӣ ба коронавирус донист, ки ин ба коҳиши консентратсияи вирусҳо мусоидат мекунад.

"Ин хеле муҳим аст, зеро шояд касе аллакай бемор бошад, аммо ҳатто пай ҳам намебарад", -  гуфт Жемчугов.

Олимони Чин мегӯянд, сарчашмаи COVID -19 Ҳиндустон аст

Қаблан, олимон санаҳои тахминии авҷи бемории коронавирусро дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург пешгӯӣ карданд.

Ба гуфти коршиносон, авҷи гирифторӣ ба ин сироят дар ин шаҳрҳо ба миёнаҳои моҳи декабр рост меояд.

378
Барчаспҳо:
пизишк, гирифторони беморӣ, Ҷаҳон, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (928)
Зима в Душанбе

Коронавирус дар Тоҷикистон: охирин омори вазорат

152
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар мамлакат ҳамоно ягон мавриди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 10 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба коронаиврус сабт намешавад.

Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ  бидуни тағйир, такрор меёбанд.

Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронаиврус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои коронавирус боқӣ намондааст, дар ҳоле, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагт 11 рӯз сипарӣ шуд.

Бар тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронаиврус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

"Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз - 20 январ Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.

"Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.

Манбаъ меафзояд, дар сурати риоя нашудани талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаъолияти масҷидҳо метавонад масдуд шавад.

152
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (928)
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

131
(Таҷдидшуда 12:29 20.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

131
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон
Наручники висят на дверной ручки, архивное фото

Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

0
(Таҷдидшуда 13:06 21.01.2021)
Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сохтакорӣ, боздошт