Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, акс аз бойгонӣ

Рустами Эмомалӣ аз дорухатҳои "фармоишӣ" гуфт: аз дорухонаҳои алоҳида мехаранд

3110
(Таҷдидшуда 21:59 09.12.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз дорухатҳои фармоишӣ ва дастури бархе табибон барои хариди дору аз дорухонаҳои алоҳида изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, имрӯзи зимни ҷаласаи палатаи болоии парлумон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ,  ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боиси муроҷиатҳои зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла дар масъалаи тандурустӣ, Рустами Эмомалӣ аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббиро таъкид намудаст.

Дар дорухона не, дар мошинҳо: ҷазои “Арбидол”-фурӯшҳои "баднафс" дар Душанбе

Ӯ афзудааст, ки саломатии ҳар фард аз сатҳи хуби хизматрасонии тиббӣ, ташхиси пурраю саривақтӣ ва таъиноти дурусти табибон вобастагии калон дорад.

Махсусан аз ташхиси касбии аниқу мушаххаси беморӣ суҳбат карда, дастур додааст, ки дорухатҳои ба истиллоҳ фармоишӣ бояд аз байн бурда шаванд. 

"Таъиноти доруворӣ, бахусус таҳияи дорухатҳои ба истилоҳ "фармоишӣ" ва водорсозии бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои муайян пешгирӣ шавад", - таъкид намудааст раиси Маҷлиси миллӣ.

Дар робита ба ин, Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон уҳдадор гардидааст, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизмативу касбии табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, масъалаҳои зикргардидаро якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатӣ омӯхта, таклифҳои асоснок манзур намояд.

3110
Барчаспҳо:
доруфурӯшӣ, Рустами Эмомалӣ
Госпиталь для больных COVID-19

Дар Қирғизистон 93 ҳолати сироятшавию дар Тоҷикистон 0: омори нави коронавирус

98
(Таҷдидшуда 19:11 23.01.2021)
Қирғизистон қабл аз Тоҷикистон домангири коронавирус шуда буд ва то ҳол ҳам вируси COVID - 19 қаламрави ин кишварро тарк намекунад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Қирғизистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта боз 93 нафар мариз шуда, ҳамчунин 2 нафар ҷон аз даст доданд.

Қирғизистон ҳарчанд қабл аз Тоҷикистон ба ин вабо рӯбарӯ шуд, аммо ҳамоно алайҳи ин вирус дар набард аст ва ҳамарӯза теъдоди  зиёди одамон сироят мешаванду мефавтанд.

Дар Тоҷикистон бошад коронавирус 30 апрел роҳ ёфт ва ҳамакнун муддати беш аз 10 рӯз мешавад, ки ягон ҳолати сироятшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта намешавад.

Вазорати тандурустӣ бо нашри омори нави коронавирус хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ҳам ягон мавриди беморшавии шаҳрвандон сабт нагардид.

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 69 ҳазор гузашт

Манбаъ меафзояд, аз 13 ҳазору 308 гирифтори коронаиврус аллакай 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфтанд.

Шумораи умумии қурбониёни коронавирус 90 нафар аст, дар Қирғизистон бошад 1398 нафар ҷон аз даст доданд.

98
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон, Қирғизистон

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

73
(Таҷдидшуда 18:12 23.01.2021)
Интизор меравад, пас аз истеҳсоли ваксин он ҳам дар дохили бозори ин кишвар ба ҳам ба дигар давлатҳо интиқол меёбад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Фонди сармоягузории мустақими Русия бо як истеҳсолкунандаи пешбари маҳсулоти дорусозии Туркия оид ба истеҳсоли ваксинаи коронавируси "Спутник V" дар Туркия шартнома ба имзо расонидааст, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ҳаҷми эҳтимолии истеҳсол миллионҳо дозаи ваксинаи "Спутник V" дар як сол аст. Масъалаи тавсеаи эҳтимолии истеҳсолот дар оянда низ баррасӣ мешавад. Ваксина ҳам ба бозори дохилии Туркия ва ҳам ба кишварҳои дигар интиқол меёбад", - таъкид мешавад дар хабар.

Фонди сармуягузории мустақими Русия мегӯяд, шарикони туркӣ ба ваксинаи сохти русӣ, ки 90 дарсади сареҳияти он собит шудааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Ваксинаи "Спутник V", ки аллакай аз озмоиши пурраи клиникӣ баромадааст ва мавриди истифода қарор гирифтааст, дар кишварҳое чун  Беларуссия, Аргентина, АМА, Маҷористон, Сербия, Боливия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон роҳ ёфтааст.

Ҳоло бошад раванди сабти ном шудани он дар Иттиҳоди Аврупо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ваксинаи мазкур ба низ Тоҷикистон интиқол ёфт ва маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд – видео

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия шурӯъ шуда буд. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, идома ёфт.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

73
Барчаспҳо:
Русия, истеҳсол, Туркия
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 01:56 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, Асроров ахири соли гузашта варзишкори украинӣ Данило Савченко ва қабл аз он Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби “Ракета”-ро шикаст дод.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0