Акция борьба с коронавирусом в ГБАО

Аксияи милисаҳои ВМКБ дар Хоруғ барои ҷилавгирӣ аз COVID - 19

623
(Таҷдидшуда 18:04 10.12.2020)
Милисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардумро аз хатари сирояти коронавирус огоҳ карданду 1000 ниқоби ройгон тақсим намуданд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси корона аксия гузаронида шуд.

Бино ба гузориши ВКД, ин аксия бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID -19 баргузор гардид.

Нигаронии Файзов аз пуштибонии ҷавонон аз гурӯҳҳои ҷинояткор ва тарси мардум аз шоҳидӣ

Аксия аз ҷониби кормандони РВКД дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ дар маркази шахри Хоруғ баргузор шуд.

"Ба сокинон ва меҳмонон дар маркази шаҳри Хоруғ барои беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемории сироятии Ковид -19, ки имрӯзҳо авҷи дуюми он дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад, зиёда аз ҳазор адад ниқобҳо ройгон таксим карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз таҷрибаи дигар кишварҳо ва чораандешиҳои давлат хатари бемориҳои сироятиро хуб дарк карда, тибқи тавсияи табибон амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ахиран аз фаъолияти яксолаи милитсия дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз кори сусти шуъбачаҳои дар маҳал буда, мавқегирии заифи онҳо, тарсу нобоварии мардум аз шоҳидӣ додан ба ин ё он вазъиятро аз масъалаи доғи рӯз гуфт.

623
Барчаспҳо:
мубориза, вируси корона, Хоруғ, ВМКБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (973)

Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад

548
(Таҷдидшуда 12:49 02.03.2021)
Интизор меравад моҳи ҷорӣ Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX дасти кам 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кунад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба таъкиди Ҷафаров, ваксини мазкур моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

"Тоҷикистон ваксинаи коронавирусро тасдиқ кард ва онро бояд тибқи механизми COVAX гирем. Ин AstraZeneca аст, ва моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад. Феълан ҷониби Тоҷикистон шартнома имзо карда, ба истеҳсолкунанда фиристодааст", - гуфт Ҷаъфаров.

Вай гуфт, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи AstraZeneca дар Бритониёи Кабир ҷойгир аст, аммо онро дар корхонаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки созишномаи имзошудаи ҷониби Тоҷикистон ба он ҷо фиристода мешавад, низ истеҳсол мекунанд. 

Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд дар мавриди интиқол ва нигоҳдории ваксин мушкилӣ пеш намеояд, зеро воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он аллакай омода шудааст.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон рӯйхатҳои шахсоне тартиб дода мешавад, ки аввалин шуда бар зидди коронавирус эм карда мешаванд.

Сардори Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Нахуст гурӯҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзӣ шомиланд, эм мегиранд.

Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи дуввум афроди аз 60-сола боло, баъд аз он - синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд.

Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар масъалаи дастрас кардани ваксинаи сохти Русия, "Спутник V" ҳоло намояндагони ҳар ду кишвар машваратҳо баргузор мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд ин ваксина низ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

548
Барчаспҳо:
тасдиқ, ваксина, бемориҳои сироятӣ, сироят, Тоҷикистон
Люди в масках в Пекине, просматривают свои телефоны

Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт

280
(Таҷдидшуда 12:44 02.03.2021)
Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда СҶБ зиёда аз 2,6 миллион ҳолати сироятшавӣ ба коронаиврус дар ҷаҳон сабт намудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавии одамон ба маризии коронавирус хабар медиҳад. Роҳбари ин созмон Тедрос Гебрейесус зимни брифинги ахир гуфт, давоми муддати тӯлонӣ боз сироятшавӣ ба вирус авҷ гирифта истодааст.

"Бори нахуст давоми 7 ҳафтаи ахир мо шоҳиди афзоиш ёфтани мавориди сироятшавӣ ба коронавирус гардидем. Аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ ва Баҳри Миёназамин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин вирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст", - тавзеҳ медиҳад Гебрейесус.

Роҳбари СҶБ иллати афзоиш ёфтани мавориди нави сироятшавиро ба сабук шудани маҳдудиятҳҳо ва фориғболии мардум рабт медиҳад.

Танҳо дар як ҳафтаи сипаришуда созмони мазкур зиёда аз 2,6 миллион ҳолати ҷадиди дардманд шудани одамонро ба қайд гирифт.

Сироятшавӣ аз ҳама беш дар Амрико (28,6) сабт шудааст. Дар Ҳиндустон 11,1 миллион, Бразилия 10,5 миллион сабт гардидааст.

Русия аз миёни кишварҳое, ки сироятшавӣ аз коронавирус афзоиш меёбад, дар мақоми чорум ҷой дорад. Дар муддати зикгардида дар ин Русия 4,2 миллион маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон ҳоло беш аз 114 миллион нафар ба коронавирус сироят шуда, ҳамчунин аз ин дард 2,53 миллион нафар фавтиданд.

280
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (973)

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

0
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
навор, Индонезия