Президент Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на открытие дворца Кохи Вахдат в Душанбе

Ҳушдори Раҳмон аз коронавирус ва дастури назорати кори тарабхонаю бозорҳо

1551
(Таҷдидшуда 14:58 11.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дигарбора дар шаҳри Душанбе аз хатари коронавирус дар ҷойҳои серодам ҳушдор дода, хостори назорати кори муассисаҳои хизматрасонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баъди шиносоӣ бо имкониятҳои “Кохи Ваҳдат” баъди навсозӣ, бо роҳбарияти шаҳри Душанбе мулоқот анҷом дод.

Таъкид шудааст, ки баробари раисони ноҳияҳои Душанбе, дар ин мулоқот масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву корхонаҳои пойтахт иштирок доштаанд.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон: аз мавҷи дуюми коронавирус роҳи гурез нест

Аз мавзӯҳои меҳварии мулоқот ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус будааст.

"Роҳбари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки фаъолияти марказҳои савдо, қаҳвахона, тарабхонаву ошхона ва дигар мавзеъҳои серодамро бо назардошти риояи тадбирҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ намоянд", - таъкид кард котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Таъкид Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 10 декабр 12 588 нафар расидааст, ки аз ин  то ҳол 12 ҳузору 9 нафар шифо ёфта, 88 нафар фавтидаанд.

1551
Барчаспҳо:
беҳдоштӣ, шумораи ками тарабхона, беморӣ, Тоҷикистон
Проверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран

Дар Эрон беш аз як миллион мубталоёни корона шифо ёфтанд

17
(Таҷдидшуда 12:40 22.01.2021)
То кунун дар Эрон як миллиону 144 ҳазору 549 нафар беморон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоёни вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ - сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, дар 24 соъати гузашта 6 ҳазору 204 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 677 нафар бистарӣ шуданд.

Ӯ афзуд, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 354 ҳазору 520 нафар расида аст.

Лорӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар 24 соъати гузашта 93 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд. Маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 150 нафар расидааст.

Ба гуфти манбаъ, то кунун як миллиону 144 ҳазору 549 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 97 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дастикам ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 70 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Таъсирҳои манфии ваксинаи коронавирус маълум шуд 

Амрико бо ҳудуди 25 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти кам 415 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

17
Барчаспҳо:
тандурустӣ, тандурустӣ, беҳбуд бахшидан, вируси корона, Эрон
Первая в мире вакцина от коронавируса

Тоҷикистон аз Русия дар бораи воксинаи “Спутник V” маълумоти пурра гирифт

389
(Таҷдидшуда 21:09 21.01.2021)
Русия ба Тоҷикистон дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V” пурра маълумот додааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров эълон кардааст, ки ҷониби Русия дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V”  пурра маълумот ирсол кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Гуфта шудааст, ки воксинаи “Спутник V” –ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров инчунин қайд кардааст, ки ҳоло Тоҷикистон воксинаи Pfizer сохти Амрикоро низ омӯхта истодааст.

Вай афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон инчунин иттилоъ дар бораи воксинаи AstraZeneca- и Бритониёро низ интизор аст.

“Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард. Таъсирнокӣ ва бехатарии воксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад”,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.

389
Барчаспҳо:
вируси корона, Спутник, маълумот, Русия, Тоҷикистон
Барф дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Барфрезии шадид: аз хурсандии бархе то афзоиши кори кӯчарӯбон ва таъхири парвоз-акс

0
Барфрезии шадид имрӯз Тоҷикистонро сафедпӯш карда, кори кӯчарӯбҳоро, ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии ҷодаҳо машғуланд ба маротиб зиёд намуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Барфрезӣ инчунин шабакаҳои иҷтимоиро низ сафедпӯш кард, чун корбарони зиёд фаъолона аксҳоро дар саҳифаҳояшон нашр кардаанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик дар саҳифааш аксҳои гирифтаашро зери унвони “Ҳавои арктикӣ ба Душанбе ҳам расид”-ро нашр кардааст.

Аксҳои нашркардаи Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати Хуҷанд, бозгӯи онанд, ки барфрезии шадид шимоли Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Ҳавошиносон мегӯянд, чунин вазъ чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол ба далели барфрезии шадид бархе аз парвозҳо ба таъхир афтодаанд. Аз ҷумла парвоз аз Душанбе ба Истанбул бо таъхири чандсоатӣ сурат гирифтааст.  

Дар баробари ин кори кӯчарӯбон низ ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии Душанбе машғуланду миёни сокинон барои субҳхезию кордӯстияшон “фариштаҳои субҳгоҳӣ” ном гирифтаанд, ба маротиб зиёд шудааст.

0
Барчаспҳо:
парвоз, таъхир, Тоҷикистон