Роҳгузарон бо ниқоб, акс аз бойгонӣ

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

146
(Таҷдидшуда 20:26 14.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар маҷмуъ аз 30 апрел то 14 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12 ҳазору 741 нафар расид.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон илова намуд, давоми шабонарӯзи охир 39 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 172 баробар гардид.

Таносуби афроди шифоёфта аз шумораи умумии гирифторон 95,5% арзёбӣ шудааст. Ба иттилои Вазорат, рӯзҳои охир ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуда, теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус ҳамоно 88 нафар мебошад.

Вазорат мегӯяд,  Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

146
Барчаспҳо:
беморӣ, Тоҷикистон

Ройгон ва ихтиёрӣ: дар Русия эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд

110
(Таҷдидшуда 13:40 18.01.2021)
Дар Русия сар аз имрӯз эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд. Чунин супоришро ҳафтаи гузашта Владимир Путин ба мақомотҳои марбута дода буд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шурӯъ аз рӯзи душанбеи 18 январ дар Русия бо супориши Владимир Путин маъракаи эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Русия метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия раcман сабти ном шудаанд якеро интихоб карда, эм гиранд.

Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз

Гуфта мешавад, маъракаи эмгузаронӣ комилан ройгон аст.

Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор

Зимнан, рӯзи 13 январ кишвардори Русия Владимир Путин супориш дод, ки дар минтақаҳо шумораи нуқтаҳои эмгузаронӣ афзун карда шавад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Русия расман ваксинаи "Спутник V" аз маркази  Гамалея ва “ЭпиВакКорона"- и ”Вектор” расман сабти ном шуданд.

110
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия

Афзоиши фавтидагон аз COVID-19 дар Эрон

121
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони вируси  COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

121
Барчаспҳо:
Эрон
Сотрудники милиции

Пулис ду сокини Хатлонро дар Душанбе барои ташкили "алик-малик" боздошту ҳабс кард

0
(Таҷдидшуда 14:05 18.01.2021)
Ин ду ҷавони боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт ва ҷазо дода шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.

"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

0
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз фаъолияти қиморхонаҳо, боздошт, Душанбе