Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад

1049
(Таҷдидшуда 14:01 22.12.2020)
Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки пас аз чанд сол сирояти коронавирус тағир меёбад, он зудтар мегузарад, аммо беморӣ осонтар рафъ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Тӯли 5-7 сол коронавируси COVID-19 гузарандатар мешавад, аммо он мушкилоти камтарро ба бор меорад, менависад РИА Новости бо истинод ба мутахассиси бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков.

Вай инро бо он шарҳ дод, ки ҳама вирусҳо, аз ҷумла коронавирус, доимо мутатсия мекунанд.

"Аммо дар он (коронавирус. - таҳ) ин мутатсияҳо он қадар ба назар намоён нестанд ва аз ҷиҳати тағирёбии геномошон он қадар муҳим нестанд. Онҳо хусусиятҳои вирусро тағир медиҳанд",- гуфт табиб.

Вирус бояд мутобиқ шавад, то дар муҳити беруна зинда монад ва организмҳои "мизбон" -ро накушад.

Пас аз муддате вирус тағир меёбад, вай зудтар интиқол хоҳад ёфт, аммо беморӣ осонтар рафъ хоҳад шуд, қайд кард Тимаков.

Ба гуфтаи ӯ, он чизе, ки ҳоло дар Бритониё рух медиҳад, ин назарияро тасдиқ мекунад.

Таҷҳизоту ташхис куҳна: ноиби вазири тандурустӣ аз камбудиҳои даври коронавирус гуфт

Ёдовар мешавем, ки дар аввали ҳафта дар ҷанубу шарқи Бритониё навъи нави коронавирус ошкор карда шуд. Олимон гуфтанд, ки он нисбат ба COVID-19 тезтар паҳн мешавад, ки метавонад боиси афзоиши сироятҳо гардад.

1049
Первая в мире вакцина от коронавируса

Тоҷикистон аз Русия дар бораи воксинаи “Спутник V” маълумоти пурра гирифт

203
(Таҷдидшуда 21:09 21.01.2021)
Русия ба Тоҷикистон дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V” пурра маълумот додааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров эълон кардааст, ки ҷониби Русия дар мавриди воксинаи зидди вируси корона “Спутник V”  пурра маълумот ирсол кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Гуфта шудааст, ки воксинаи “Спутник V” –ро як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров инчунин қайд кардааст, ки ҳоло Тоҷикистон воксинаи Pfizer сохти Амрикоро низ омӯхта истодааст.

Вай афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон инчунин иттилоъ дар бораи воксинаи AstraZeneca- и Бритониёро низ интизор аст.

“Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард. Таъсирнокӣ ва бехатарии воксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад”,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.

203
Барчаспҳо:
вируси корона, Спутник, маълумот, Русия, Тоҷикистон
Зима в Душанбе

Коронавирус дар Тоҷикистон: охирин омори вазорат

167
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар мамлакат ҳамоно ягон мавриди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 10 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба коронаиврус сабт намешавад.

Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ  бидуни тағйир, такрор меёбанд.

Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронаиврус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои коронавирус боқӣ намондааст, дар ҳоле, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагт 11 рӯз сипарӣ шуд.

Бар тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронаиврус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

"Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз - 20 январ Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.

"Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.

Манбаъ меафзояд, дар сурати риоя нашудани талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаъолияти масҷидҳо метавонад масдуд шавад.

167
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 22 января

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:27 21.01.2021)
Рӯзи бисту дуюми январ дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук ва дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат мебошад

Рӯзи 22 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2002 шумораи муштариёни ширкати "Мегафон" ба як миллион нафар баробар шуд.

Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане
© Sputnik / Стас Этвеш
Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане

Соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

Рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро "Ҷамъияти пушкинӣ"- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони русиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ

Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

Рӯзи 22 январ кӣ ба дунё омадааст

Александр Ермолев (1914 1987) рассом. Ходими шоистаи ҳунарии Тоҷикистон.

Муҳиба Ёқубова (1937) доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурӣ.

Зебои Хатлонӣ (Сафарова ) (1967)- шоира.

Тӯлқин Муродалиев (1944)- доктори илми тиб, профессор.

Шавкия Почоҷонова (1945) доктори илми тиб.

Ҷумъа Расулов (1949) Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Ҳотами Ҳомид (1967)- нависанда.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон