ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта 253 ҳазору 878 нафр боз гирифтори ин беморӣ гаштаанд.
Ин созмони ҷаҳонӣ шумори фавтидагонро 1 миллиону 750 ҳазору 067 нафар эълон кард.
Тибқи омори ин ниҳод, то кунун 56 миллиону 160 ҳозору 251 нафар пурра муолиҷа шудаанд, дар беморхонаҳо бошад 106 ҳазору 299 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.
Бар пояи оморҳои ахир, дар Тоҷикистон 13 106 нафар мубтало ба коронавирус шуда, 12 578 нафар ё 95,97% шифо ёфтаанд.
Тибқи оморҳо ИМА ҳоло ҳам бо теъдоди 19 миллиону 111 ҳазору 326 гирифтор дар садри ҷадвал аст. Па аз он, Ҳиндустон — бо 10 147 468 бемор, Бразилия — 7 425 593 гирифтор дар сегонаи авваланд. Дар русия бошад гирифторони беморӣ ба 2 963 688 нафар мерасад ва пас аз он Фаронсаву Бритониё қарор гирифтаанд.
Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст
БАрои мубориза бо ин беморӣ ҳоло дар ҷаҳон омодасозии воксинаҳо идома дорад, ки Русия дар ин самт аз пешқадамҳо буд.
Амрико низ аз омодагии воксинааш хабар дод ва ҳатто президенти тозаинтихоб Ҷо Байден ҳафтаи гузашта дар пахши пустамқим худро эм кард.
Аммо ҳоло ҷаҳонро сирояти ба гунаи нави коронавирус, ки нахуст дар Британияи Кабир паҳн шуда буд, ба ташвиш овар.
Гуфта мешавед, ин вирус дар зане пайдо шуд, ки рӯзи якшанбе аз Британияи Кабир аз тариқи ҳавопаймо ба Франкфурт фуруд омада буд.
Ин вирус ҳоло дар Швейсария ва Италия низ ошкор шудааст.
Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад
Дар робита ба ин дар Британия қарантинаи шадид роҳандозӣ шудааст ва кишварҳои ҷаҳон, ки пештар робитаҳои ҳавоиро барқарор карда буданд, дубора чораи маҳдудсозиро бо ин кишвар пеш гирифтанд.
Ба гуфтаи олимон ин шакли нави коронавирус 70 дарсад сироятёбандатар аз қаблияш аст.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.
"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.
Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Пизишки аршади бемористони №71-и ба номи М.Е.Жадкевич, пизишки хизматнишондодаи шаҳри Маскав, ровии телевизион ва нависанда Александр Мясников дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мутаассифона Тоҷикистон аввалин кишвар нест, ки бар вируси корона пирӯзӣ эълон кардааст.
“Барои мисол вазъи Гурҷистон бисёр рушан аст, Ожонсиҳои Ғарб онро ҳамчун як тарзи дурусти мубориза бо коронавирус мисол меоранд, ки дар он ҷо умуман ин беморӣ авҷ наёфта буд", таъкид дошт коршинос.
Ба Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус расид: барои низомиёни Русия
Дар ҳамин ҳол, Мясников нагуфт, ки кадом омилҳо сабабгори омори пасти сироятёбӣ ба коронавирус будааст.
"Агар дар Тоҷикистон 1 дарсади аҳолӣ воқеан бемор бошад, ин маънои онро дорад, ки коронавирус ба онҷо акнун мерасад – ва онҳо дигар роҳи гурез надоранд. Ҷое набуд, дар онҷо эълон шавад ки “ниқоб пӯшед”, ба қарантина равон кунанду сипас аз пирӯзӣ эълон кунанд", - гуфт бо шубҳа табиб.
Пизишк Мясников гумон мекунад, ки мавҷи воқеии коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст.
"То он даме, ки фоизи муайяни аҳолӣ ба COVID-19 гирифтор нашавад, ин вирус нобуд нахоҳад шуд. Сирояёбии як дарсади аҳолӣ, инро ҳатто авҷи беморӣ гуфтан намешавад",- гуфт мутахассис.
Вай қайд кард, ки чунин вазъ, яъне коҳиши назарраси сироятёбӣ ба вирус аллакай дар бархе кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия мушоҳида шуда буд. Ин одатан пас аз афзоиши беморӣ ба амал меояд.
"Мо наметавонем бо тӯри моҳигирӣ хомӯшакро нигоҳ дорем. Чиқадар вақт мегузарад маълум нест. Ягона роҳи наҷот ин эмгузаронӣ аст", - гуфт пизишки машҳури Русия Александр Мясников.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.