Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

239
(Таҷдидшуда 19:30 25.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашуд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи гирифторшудаҳо аз 30 апрел то 25 декабр ба 13 ҳазору 138 нафар расид.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид намуд, ки давоми шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз каронавирус то ҳол Тоҷикистон 12 ҳазору 618 нафарро ташкил медиҳад, ки 96,0%-и теъдоди умумии гирифторшудаҳоро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод илова намуд, ки ҳолатҳои фавт шабонарӯзҳои охир сабт нашуда,  аз 30 апрел то 25 декабр дар маҷмуъ 89 фавтида аз коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Вазорат зикр кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

239
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, беморӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

35
(Таҷдидшуда 16:24 16.01.2021)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран омори нави гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон  ба 91 миллиону  816 ҳазору 91 нафар расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон ба 1  миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори муолиҷашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.

Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.

Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд).  Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.

35
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, ҷаҳон, вирус, Чин
Врач в защитном костюме улыбается, архивное фото

Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?

43
Ҳамагиршинос ва ё эпидемиологи рус гуфт, ки баъди аз сар гузаронидаи коронавирус иммунитети бадан то кай боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Нафароне, ки коронавирусро аз сар гузаронидаанд, иммунитеташон ба ин беморӣ ним сол пойдор мемонад. Дар ин бора роҳбари Институти марказии эпидемиологии Русия Василий Акимкин изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи коршинос, иммунитет ба коронавирус баъди аз сар гузаронидани беморӣ то панҷ моҳ боқӣ мемонад ва пас аз он ба танозул меравад.

"Иммунитет аз се то панҷ моҳ пойдор мемонад ва сипас он то рафт кам мешавад, ҳатто аллакай пас аз моҳи сеюми беморӣ дараҷаи пастшавии иммунитет ба қайд гирифта мешавад", - гуфтаст Аминкин.

Дар ҳамин ҳол, коршинос таъкид кардааст, ки пас аз коронавирус бояд дар бадани инсон на танҳо антитела, балки иммунитети ҳуҷайрагӣ пайдо шавад.

Ёдрас мешавем, коронавирус бори нахуст дар бадани инсон охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд. Беморӣ бо суръати кайҳонӣ бурун аз шаҳр ва кишвар паҳн шуд ва дар натиҷаи фаро гирифтани қариб тамоми кишварҳои олам, онро 11 марти соли 2020 Созмони тандурустии ҷаҳонӣ пандемия эълон кард.

Аз 2 миллион гузашт: охирин омори фавт аз коронавирус дар ҷаҳон

Тоҷикистон бори нахуст 30 апрел аз гирифтор шудани 15 нафар ба ин бемории ҳамагир хабар дод ва то имрӯз дар кишвар бештар аз 11 ҳазор нафар ба коронавирус дучор шудаанд ва тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 99, 3 дар сади беморони КОВИД -19 шифо ёфтаанд.

43