Туркия ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон монеа эҷод кард

1122
Туркия бо далели пандемия дигарбора ба вуруди тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Туркия чораҳои пешгирӣ аз коранвирусро дар кишвар, аз ҷумла дар фурудгоҳҳояш ташдид мекунад, гузориш медиҳад вазири тандурустии Туркия Фахриддин Коҷа.

Акнун тамоми шаҳрвандони ба Туркия воридшаванда, аз ҷумла тоҷикистониён бояд бо худ ташхиси манфии коронавирусро дошта бошанд.

Маълумотнома бояд нав бошад: ташхис на бештар аз 72 соати вуруд анҷом дода шуда бошад.

Мусофироне, ки бидуни исботи надоштани COVID-19 парвоз кардаанд, ба ҳудуди ҷумҳурӣ роҳ доа намешаванд.

 

Дар ҳамин ҳол, ба мусофирон имкон дода мешавад, ки аз ташхис гузаранд, дар ҳолати баръакс онҳоро карантин мекунанд.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Ин меъёр аз 28 декабр барои мусофирон тариқи ҳавопаймо ва аз 30 декабр барои мусофирон тариқи роҳҳои оҳан ҷорӣ карда мешавад.

 

Аммо нафаране, ки аз Британияи Кабир, Дания ва ҷумҳуриҳои ҷанубии Африқо вуруди кишвар мешаванд, новобаста аз натиҷаҳои ташхис карантин карда мешаванд.

1122
Денежные купюры. Архивное фото

Иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ду зан аз ВКД: тоза кардани махзанро ваъда додаанд

212
(Таҷдидшуда 19:22 18.01.2021)
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду зан, кормандони Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, ки ба ивази маблағ тоза кардани маълумот аз махзани ин ниҳодро ваъда додаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз муттаҳамон Исматшозода Зебуниссо, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқиқотчии ин раёсат Қумригул Раҷаб ном бурдааст.

Манбаъ афзуд, ин ду нафар дар он муттаҳам мешаванд, ки ҳангоми кор дар мақомҳояшон 8 сентябри соли 2020 дар бинои ВКД Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, аз охирин бораи аз маҳзани маълумотӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судияш 1200 доллар талаб кардаанд.

Ба иттилои Ожонс, ин ду масъул ваъда додаанд, ба ивази маблағ аз махзани Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Тоҷикистон маълумот дар бораи доғи судиро тоза мекунанд.

Ожонси зидди фасод афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода ва Ҳалимзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Таъкид шудааст, ки алайҳи муттаҳамон бо айби қаллобӣ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Феълан назари айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия маълум нест.

212
Барчаспҳо:
муттаҳам, қаллобӣ, боздошт, Тоҷикистон
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

66
(Таҷдидшуда 18:59 18.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз як ҳафтаи ахир ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронаиврус сабт нашудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Вале, Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.

Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик омадааст".

66
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

735
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

735
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон