Президент РФ Владимир Путин

Песков ба суол дар бораи эмгузаронии Путин алайҳи коронавирус посух дод

198
(Таҷдидшуда 17:32 26.12.2020)
Котиби матбуотии раҳари Русия Дмитрий Песков ба суоли РИА Новости дар бораи эмгузаронии президент бар зидди коронавирус посух гуфт

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Президент Владимир Путин аз эмгузаронияш бар зидди коронавирус худ хабар хоҳад дод, гуфт котиби матбуотии раҳабри Русия Дмитрий Песков ба РИА Новости.

"Ӯ худаш хабар хоҳад дод", - гуфт Песков.

Раҳбари Вазорати тандурустии Русия Михаил Мурашко рӯзи шанбе гуфт, ки ваксинаи коронавируси "Sputnik V" барои эмгузаронии одамони синнашон аз 60 боло тасдиқ шудааст.

Сафҳаи Твиттери ваксина хабар дод, ки "Sputnik V" комилан бехатар ва беш аз 90% барои гурӯҳи синнусоли 60+ самаранок нишон дода шудааст.

"Парвози умед": аввалин ваксинаи русии "Sputnik V" ба Аргентина расид: видео

Қаблан, дар як нишасти бузурги матбуотӣ Путин гуфта буд, ки то ҳол зидди коронавирус эм карда нашудааст, зеро он ҳанӯз барои одамони синну соли ӯ таҳия нашудааст, аммо илова кард, ки ин корро ҳатман дар зудтарин фурсат анҷом хоҳад дод.

198
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Дмитрий Песков, Русия
Вакцина

Эрон ҳам ба зуддӣ эмгузарониро оғоз мекунад

19
(Таҷдидшуда 00:34 25.01.2021)
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, эмгузаронӣ бо ваксини зидди вируси корона дар Эрон ба зудӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран  бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.

СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

 Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст,  муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.

Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи  “Кув Эрон баракат” 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.

19
Барчаспҳо:
беҳдошт, вазир, вируси корона, эмгузаронӣ, Эрон
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса

COVID - 19 нест: омори нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон

190
(Таҷдидшуда 19:09 24.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта чун рӯзҳои қаблӣ дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.

"Дар маҷмӯъ то имрӯз, 24 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 30 апрели соли 2020 эълон шуда буд.

190
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон