Школьник идет по улице города Душанбе

Ҳамагӣ 5 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон

454
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 13 060 нафар гирифторони ин дард комилан шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ҳамарӯза рӯ ба беҳбудӣ дорад.

Бар хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта танҳо 5 ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид.

Манбаъ меафзояд, аз замони хуруҷи ин маризӣ, 13 305 нафар олудаи вируси COVID-19 гардиданд.

Аз ин миён аллакай 13 060 нафар ва ё 98,1 фисади мубталоён комилан шифо ёфта аз дармонгоҳҳои кишвар мураххас шуданд.

Зимнан, ба таври расмӣ 90 гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон қурбон шуданд.

28 нафар мариз шуданду 37 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, феълан 155 нафар бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

454
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Вазорат: дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе гирифтори каронавирус нашуд

49
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

49
Барчаспҳо:
тандурустӣ, вазорат, гирифторон, вируси корона, Тоҷикистон

Мясников: Тоҷикистон аз сироятёбии сартосарӣ аз коронавирус канор намемонад

1585
(Таҷдидшуда 18:36 27.01.2021)
Пизишки маъруфи Русия ва ровии телевизион Александр Мясников назари худро дар бораи пирӯзии Тоҷикистон бар вируси корона шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Пизишки аршади бемористони №71-и ба номи М.Е.Жадкевич, пизишки хизматнишондодаи шаҳри Маскав, ровии телевизион ва нависанда Александр Мясников дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мутаассифона Тоҷикистон аввалин кишвар нест, ки бар вируси корона пирӯзӣ эълон кардааст.

“Барои мисол вазъи Гурҷистон бисёр рушан аст, Ожонсиҳои Ғарб онро ҳамчун як тарзи дурусти мубориза бо коронавирус мисол меоранд, ки дар он ҷо умуман ин беморӣ авҷ наёфта буд", таъкид дошт коршинос.

Ба Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус расид: барои низомиёни Русия

Дар ҳамин ҳол, Мясников нагуфт, ки кадом омилҳо сабабгори омори пасти сироятёбӣ ба коронавирус будааст.

"Агар дар Тоҷикистон 1 дарсади аҳолӣ воқеан бемор бошад, ин маънои онро дорад, ки коронавирус ба онҷо акнун мерасад – ва онҳо дигар роҳи гурез надоранд. Ҷое набуд, дар онҷо эълон шавад ки “ниқоб пӯшед”, ба қарантина равон кунанду сипас аз пирӯзӣ эълон кунанд", - гуфт бо шубҳа табиб.

Пизишк Мясников гумон мекунад, ки мавҷи воқеии коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст.

"То он даме, ки фоизи муайяни аҳолӣ ба COVID-19 гирифтор нашавад, ин вирус нобуд нахоҳад шуд. Сирояёбии як дарсади аҳолӣ, инро ҳатто авҷи беморӣ гуфтан намешавад",- гуфт мутахассис.

Вай қайд кард, ки чунин вазъ, яъне коҳиши назарраси сироятёбӣ ба вирус аллакай дар бархе кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия мушоҳида шуда буд. Ин одатан пас аз афзоиши беморӣ ба амал меояд.

"Мо наметавонем бо тӯри моҳигирӣ хомӯшакро нигоҳ дорем. Чиқадар вақт мегузарад маълум нест. Ягона роҳи наҷот ин эмгузаронӣ аст", -  гуфт пизишки машҳури Русия Александр Мясников.

1585
Барчаспҳо:
пизишк, пирӯзӣ, вируси корона, Тоҷикистон, Русия

Ҷаласаи васеи ҳукумат: Рустами Эмомалӣ ба президент ҳисобот дод

12
(Таҷдидшуда 23:49 27.01.2021)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, раисиҷумҳур дар навбати худ фаъолияти ҳукумати Душанберо қаноатманд арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 шунида шуд.

Ба гузориши Рустами момалӣ, соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ҳамзамон барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки алҳол дар пойтахт бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад.

Тибқи иттилои манбаъ, бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, харидории 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 адад троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расонидани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар пас аз шунидани ҳисоботи Рустами момалӣ бо сипосу қаноатмандӣ ба шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахт аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда, изҳори эътимод намудааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Раисиҷумҳур ҳамзамон изҳори итминон кардааст, ки дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ симои шаҳри Душанбе комилан дигар шуда, ҳамчун кошонаи умеду ифтихори тоҷикони дунё шукуфову дилработар мегардад.

 

 

12
Барчаспҳо:
ҳисобот, Душанбе, Маҷлиси ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ