Вазорат: шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

179
(Таҷдидшуда 19:36 12.01.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 13 305 нафар гирифторони ин дард комилан шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 06 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии кишвар эълон кардааст, ки вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ҳамарӯза рӯ ба беҳбудӣ дорад.

Бар иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Манбаъ меафзояд, аз замони хуруҷи ин маризӣ, 13 305 нафар олудаи вируси COVID-19 гардиданд.

Аз ин миён аллакай 13 111 нафар ва ё 98,5 фисади мубталоён комилан шифо ёфта, аз дармонгоҳҳои кишвар мураххас шуданд.

Зимнан, ба таври расмӣ 90 гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон қурбон шуданд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, феълан 104 нафар бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати табибон қарор доранд.

179
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, маризӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Блокнот ВОЗ, архивное фото

Карриева гирифтори коронавирус шуда, Тоҷикистонро тарк кард: таъйини намояндаи нави СҶБ

144
(Таҷдидшуда 17:20 22.01.2021)
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон боз иваз шуд. Ба курсии Бахтигул Карриева, Виктор Олшавский такя зад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Таъйин шудани намояндаи нави СҶБ дар Тоҷикистон дар ҳолест,  ки моҳи май Галина Перфилиева аз мақом рафт ва ба ҷойи ӯ Бахтигул Карриева омада буд.

Иллати аз вазифа канор мондани Перфилимеваро ба анҷоми маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон рабт дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, бо гузашти ҳамагӣ чанд моҳ сару садоҳо дар мавриди барканории Бахтигул паҳн шуд.

Аз намояндагии СҶБ дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки Бахтигул бинобар сироят шудан ба маризии коронавирус аз вазифааш канор монд.

Манбаъ меафзояд, Бахтигул Карриева моҳи ноябри соли гузашта дар вилояти Суғд гирифтори коронавирус шуд. Намояндаи СҶБ табобатро нахуст дар хона гирифт, вале пас аз бад шудани вазъаш ӯро дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе хобонданд. Ахиран ӯ ба Капенгаген кӯчонда шуд.

Чаро муовини вазири тандурустӣ ва намояндаи СҶБ бо раиси вилояти Суғд дидор карданд?

Гуфта мешавад, Карриева бемории музмин дошт ва аз ин рӯ ба гурӯҳи хавф дохил мешавад, вале ҳоло вазъияти собиқ намояндаи СҶБ дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ мешавад.

Виктор Олшавский кист?

Виктор Олшавский 61 сол дорад ва аз соли 1997 намояндаи СҶБ дар Босния ва Ҳерзеговина раҳбарӣ мекунад. Ҳангоми кор дар ин кишвар, ӯ инчунин ба намояндагиҳо дар Того, Ҷумҳурии Молдова ва Ӯзбекистон кумак кардааст.

Дар охири моҳи декабри соли 2020, дар натиҷаи интихоби озмун, ӯ ба ҳайси намоянда дар Тоҷикистон таъин шуд.

ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ  ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад

Олшавский доктори илмҳои тандурустии ҷамъиятӣ буда, номзади илмияшро дар мавзӯи "Профили ҳамшираҳои шафқат дар Руминия" ҳимоя кардааст.

Солҳои 1981-1987 дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, солҳои 2001-2002 Донишгоҳи Бухарестро хатм намудааст.Дараҷаи магистр дар соҳаи менеҷменти хидматрасонии иҷтимоӣ дорад.

144
Барчаспҳо:
иваз, намоянда, СҶБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Проверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран

Дар Эрон беш аз як миллион мубталоёни корона шифо ёфтанд

36
(Таҷдидшуда 12:40 22.01.2021)
То кунун дар Эрон як миллиону 144 ҳазору 549 нафар беморон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоёни вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ - сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, дар 24 соъати гузашта 6 ҳазору 204 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 677 нафар бистарӣ шуданд.

Ӯ афзуд, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 354 ҳазору 520 нафар расида аст.

Лорӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар 24 соъати гузашта 93 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд. Маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 150 нафар расидааст.

Ба гуфти манбаъ, то кунун як миллиону 144 ҳазору 549 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 97 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дастикам ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 70 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Таъсирҳои манфии ваксинаи коронавирус маълум шуд 

Амрико бо ҳудуди 25 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти кам 415 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

36
Барчаспҳо:
тандурустӣ, тандурустӣ, беҳбуд бахшидан, вируси корона, Эрон
Швейцарский флаг на горе Саентис в Шваегалпе, Швейцария, архивное фото

Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба Швейтсария мол содир кардааст

0
(Таҷдидшуда 17:43 22.01.2021)
Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот дар соли 2020 Швейтсария, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон будаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.

Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.

Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.

Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир

Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.

Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.

0
Барчаспҳо:
ҳаҷми содирот, Швейтсария, молӣ, Тоҷикистон