Дар Хоруғ филиали Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои довталабон боз мешавад

© Пресс-служба президента Таджикистана Студенты медицинского колледжа
Студенты медицинского колледжа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Довталабон аз минтақаҳои кӯҳии ВМКБ, ки мехоҳанд ба донишгоҳи асосии тиббии Тоҷикистон дохил шаванд, метавонанд дар курсҳои омодагӣ дар филиали нави ДДТТ дар Хоруғ ширкат варзанд

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Филиали маркази омодагии қаблии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои довталабон кушода мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе центральную больницу - Sputnik Тоҷикистон
“Дарси Данғара”: донишгоҳи тиббии Хуҷанд бошад ё набошад?

Ин марказ дар шаҳри Хоруғ нахустин чунин марказ хоҳад буд ва имсол дар заминаи коллеҷи тиббии маҳаллӣ боз мешавад.

Ин масъаларо аллакай муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо намояндагони донишгоҳ ва масъулини системаи тандурустӣ ва маорифи минтақа баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи устоди ДДТТ, Тоҳир Ниятбеков таъсиси филиали мазкурро дар тайёр намудани довталабони соҳаи  тиб ва пешакӣ омода кардани онҳо барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки бо кушода шудани он сифати қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар вилоят беҳтар мегардад.

Таҳсил дар марказ тӯли 8 моҳ идома ёфта, дониши андӯхта ба хонандагон ҳангоми қабул ва минбаъд дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ кумак хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти филиали мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки 90 дарсади хонандагон баъди хатми он ба ДДТТ дохил мегарданд.

Ба гуфтаи муовини раиси ВМКБ, филиали омӯзиши довталабон ба кӯдакон аз ноҳияҳои дурдасти минтақа барои такмили дониши худ кумак хоҳад кард.

Ғайр аз ин, барои қабул ба марказ барои довталабон аз оилаҳои камбизоат имтиёзҳо муқаррар карда шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0