Дар Иёлоти Муттаҳида, табибе пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус фавтид

262
(Таҷдидшуда 14:19 09.01.2021)
Як табиб дар иёлати Флоридаи ИМА чанд рӯз пас аз эмгузаронӣ алайҳи коронавируси нав фавтидааст

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Гуфта мешавад, табиб ваксинаи таҳиякардаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро гирифтааст.

Дар ин бора Daily Mail бо истинод ба зани марҳум хабар медиҳад, менависад Газета.ру.

Ба гуфтаи ҳамсари марҳум, акушери 56-сола солим буд ва бемориҳои музмин надошт, аммо чанд рӯз пас аз ваксина ӯ аз "бемории мармузи хун" даргузашт.

“Ба андешаи ман, марги ӯ 100% марбут ба ваксина буд. Шарҳи дигаре нест ”, - гуфт зан.

Аз ширкати Pfizer ба нашрия гуфтаанд, ки онҳо марги "хеле ғайримуқаррарӣ" -и пизишкро таҳқиқ мекунанд, аммо дар ҳоли ҳозир онҳо ба иртиботи мустақим бо ваксинаи коронавирус бовар намекунанд.

Эмкунии сартосарӣ дар Иттиҳоди Аврупо: аз хонаи пиронсолон шурӯъ карданд - навор

Ёдовар мешавем, ИМА низ ваксинаи сохти худро сабт кард, ки он имрӯз дар ин кишвар ва қисме аз кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли истифода қарор гирифтааст.

 

262
Зима в Душанбе

Коронавирус дар Тоҷикистон: охирин омори вазорат

160
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар мамлакат ҳамоно ягон мавриди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 10 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба коронаиврус сабт намешавад.

Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ  бидуни тағйир, такрор меёбанд.

Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронаиврус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои коронавирус боқӣ намондааст, дар ҳоле, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагт 11 рӯз сипарӣ шуд.

Бар тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронаиврус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд

"Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз - 20 январ Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.

"Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.

Манбаъ меафзояд, дар сурати риоя нашудани талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаъолияти масҷидҳо метавонад масдуд шавад.

160
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

131
(Таҷдидшуда 12:29 20.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

131
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе

Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кард

0
(Таҷдидшуда 17:23 21.01.2021)
Сафири Ҷопон дар Душанбе эълом кард, бо кумаки молии давлати Токио ду мактаб бо ҳазинаи ду миллион сомонӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки то кунун бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шуда, ин барнома идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Душанбе.

“Ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд”, - гуфт Tакаюки Миясита.

Ҳамзамон сафири Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.

Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.

0
Барчаспҳо:
пул, сохтмон, мактаб, Ҷопон, Тоҷикистон