Медицинские работники во время обхода в госпитале для лечения больных COVID-19, архивное фото

Наздики 100% гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон шифо ёфтаанд: ҳолати нав сабт нашудааст

275
(Таҷдидшуда 18:37 09.01.2021)
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон ягон мавориди мубталошавии сокинон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, то 9 январ дар кишвар 13305 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардиданд.

То ҳол аз ин шумора 13 215 нафар ё 99,3 дарсади дардмандон шифо ёфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 90 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бар асоси додаҳои ахир дар саросари ҷаҳон беш аз 89 миллион нафар гирифтори ин беморӣ гашта, то кунун 49,5 миллион нафар сиҳат гаштааст.

Теъдоди ҷонбохтагон аз ин беморӣ низ дорад ба 2 миллион наздик мешавад.

Вазири Чин дар бораи сарчашмаи коронавирус гуфт

Сегонаи кишварҳое, ки дар он сатҳи баланди сирояти ин беморӣ идома дорад, ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия мебошад.

 

275
Барчаспҳо:
сироят, вируси корона, гирифторон, Тоҷикистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Вазорат: дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе гирифтори каронавирус нашуд

93
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ дар давоми 24 соати гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон расҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.

"Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст", - гуфт президент.

Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

93
Барчаспҳо:
тандурустӣ, вазорат, гирифторон, вируси корона, Тоҷикистон

Мясников: Тоҷикистон аз сироятёбии сартосарӣ аз коронавирус канор намемонад

3214
(Таҷдидшуда 18:36 27.01.2021)
Пизишки маъруфи Русия ва ровии телевизион Александр Мясников назари худро дар бораи пирӯзии Тоҷикистон бар вируси корона шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Пизишки аршади бемористони №71-и ба номи М.Е.Жадкевич, пизишки хизматнишондодаи шаҳри Маскав, ровии телевизион ва нависанда Александр Мясников дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мутаассифона Тоҷикистон аввалин кишвар нест, ки бар вируси корона пирӯзӣ эълон кардааст.

“Барои мисол вазъи Гурҷистон бисёр рушан аст, Ожонсиҳои Ғарб онро ҳамчун як тарзи дурусти мубориза бо коронавирус мисол меоранд, ки дар он ҷо умуман ин беморӣ авҷ наёфта буд", таъкид дошт коршинос.

Ба Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус расид: барои низомиёни Русия

Дар ҳамин ҳол, Мясников нагуфт, ки кадом омилҳо сабабгори омори пасти сироятёбӣ ба коронавирус будааст.

"Агар дар Тоҷикистон 1 дарсади аҳолӣ воқеан бемор бошад, ин маънои онро дорад, ки коронавирус ба онҷо акнун мерасад – ва онҳо дигар роҳи гурез надоранд. Ҷое набуд, дар онҷо эълон шавад ки “ниқоб пӯшед”, ба қарантина равон кунанду сипас аз пирӯзӣ эълон кунанд", - гуфт бо шубҳа табиб.

Пизишк Мясников гумон мекунад, ки мавҷи воқеии коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст.

"То он даме, ки фоизи муайяни аҳолӣ ба COVID-19 гирифтор нашавад, ин вирус нобуд нахоҳад шуд. Сирояёбии як дарсади аҳолӣ, инро ҳатто авҷи беморӣ гуфтан намешавад",- гуфт мутахассис.

Вай қайд кард, ки чунин вазъ, яъне коҳиши назарраси сироятёбӣ ба вирус аллакай дар бархе кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни Русия мушоҳида шуда буд. Ин одатан пас аз афзоиши беморӣ ба амал меояд.

"Мо наметавонем бо тӯри моҳигирӣ хомӯшакро нигоҳ дорем. Чиқадар вақт мегузарад маълум нест. Ягона роҳи наҷот ин эмгузаронӣ аст", -  гуфт пизишки машҳури Русия Александр Мясников.

3214
Барчаспҳо:
пизишк, пирӯзӣ, вируси корона, Тоҷикистон, Русия
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Расулзода шарҳ дод, ки чаро пули миллӣ беқурб шуд

0
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тавзеҳ дод, ки чаро дар соли 2020 таваррум - беқуршавии пули миллӣ зиёд шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тавре Қоҳир Расулзода дар Маҷлиси васеи Ҳукумат тавзеҳ дод, таваррум дар соли 2020 назар ба соли 2010 ба 1,4 фоиз зиёд гардид.

Сарвазири кишвар афзоиши беқурбшавии пули миллиро ба баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо рабт додааст.

"Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст", - менависад аз қавли сарвазир дафтари матбуоти президент.

Расулзода афзуд, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа ва дигар монеаҳои мавҷудаи марбут ба пандемияи КОВИД-19,ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.

Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.

Дар Тоҷикистон таварруми солона ба сатҳи рекордӣ расид

Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 - 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз  коҳиш ёфт.

0