Люди в защитных масках на остановке общественного транспорта

Пешгӯии СҶБ: пандемияи соли ҷорӣ аз соли гузашта мудҳиштар мешавад

2080
(Таҷдидшуда 13:01 14.01.2021)
Ба маълумоти намояндагони Сзмони ҷаҳонии беҳдошт, танҳо давоми ду ҳафтаи ахир шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба ҳадди рекордӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Соли дуюми пандемияи COVID -19 нисбат ба соли гузашта шояд мушкилтар шавад, изҳор дошт Майкл Райан, мудири барномаи фавқулодаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

"Мо ба соли дуюми пандемия ворид мешавем, ки бо назардошти динамикаи паҳншавӣ вируси COVID - 19 ва баъзе мушкилоте, ки мо мебинем, шояд ин сол душвортар шавад", - таъкид намуд Райан.

Ба таъкиди ӯ, танҳо давоми ду ҳафтаи охир мавориди сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар ҷаҳон ба ҳадди рекордӣ расидааст.

"Дар нимкураи шимолӣ, аз ҷумла дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ, чизе ба монанди тӯфони комил сурат гирифта истодааст. Ба афзоиши ин беморӣ сардиҳо, ҷамъ шудани одамон дар дохили бино ва гардиши навъҳои нави вирус таъсир мерасонанд", -  гуфт намояндаи СҶБ.

Афзоиши фавт аз Covid-19 дар Бритониё: омори коронавирус дар ҷаҳон

Ёдовар мешавем, ки СҶБ ҳанӯз рӯзи 11 марти соли 2020 бинобар авҷи маризии коронавирус пандемия эълон карда буд.

Тибқи маълумоти охирини СҶБ, шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 90 миллион гузаштааст. Ҳамзамон ин беморӣ ҷони 2 миллион нафарро рабудааст.

2080
Барчаспҳо:
ҷаҳон, маризӣ, пешгӯӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (926)
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

130
(Таҷдидшуда 12:29 20.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

130
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон
Мошини ёрии таъҷилӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Омори COVID-19: Вазорат мегӯяд нест, табиб мегӯяд як кас ҳанӯз табобат мегирад

217
(Таҷдидшуда 19:30 19.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта чун рӯзҳои қаблӣ дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон беш аз як ҳафтаи охир дар сомонаи расмии covid.tj хабар медиҳад, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, беш аз як ҳафтаи охир дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Вале, Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд рӯзи гузашта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.

Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик омадааст".

217
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вируси корона, беморӣ, Тоҷикистон
Навоз в кузове автомобиля

“Тиҷорати таппак”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 16:04 20.01.2021)
Таппак, ғӯзапоя, ҳезум, ангишт, газ... Бозори аҷибу ғариби сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муҳтавояшро ғанӣ мекунад, вақте таъмини аҳолӣ бо барқ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва зарур меояд, ки ба ҳар қимате набошад, ба оташу гармӣ даст ёфт

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. 5 январ, вақте ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барои аҳолиро эълон кард, дар бозорҳои кишвар якбора қимати маводи сӯхт боло рафт. Дар баробари ангишту газ, ки аз сӯи корхонаҳои саноатӣ тавлид ва ё аз сӯи ширкатҳо аз хориҷ ворид мешаванд, бозори таппаки чорводорону ҳезуми ҳезумкашон ва ғӯзапояи деҳқонони пахтакор низ гарм шуд.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз гӯшаву канори Тоҷикистон тасвири ҷолибе аз ин бозори аҷибу ғариб ба даст медиҳанд, ки зоҳиран сол то сол ҷолибу ҷаззоб мешавад, аммо дар ягон омору ҳисоботи расмӣ таърифе аз он вуҷуд надорад ва як тиҷорати ҳамоно ношинохта барои иқтисод боқӣ мемонад.

Аз оғил ба бозор

Таппак, ки аз поруву саргини гову гӯсфанд ва бузи хонагӣ ҳосил мешавад, як сӯзишвории анъанавӣ дар Тоҷикистон аст, ки маъмулан хоси деҳот аст, аммо барои шаҳрҳо низ бегона нест. Ҳеҷ кас қадомати ин маводи сӯхтро намедонад. Маъмулан таппакро дар шакли саргин фасли тобистон аз дашту саҳро ҷамъ оварда, захира ва дар фасли зимистон барои гармӣ ва пухтупази хонавода истифода мекунанд. Аммо афроде, ки дар хона чорво доранд, онро фасли сармо дар шакли тар ҷамъ оварда, дар фасли гармо хушк ва дар таппакдонҳо захира мекунанд.

Дар қиёс бо ҳезум, ки аз он дар осори таърихиву адабии асрҳои пешин ёд мешавад ва манбаъи даромади фақиронаи тоифаи ҳезумкаш дар бозорҳо буд, зоҳиран, таппак тайи сӣ соли ахир ба моли тиҷорат табдил ёфтааст.

Акбархӯҷа, як тоҷир дар чорроҳаи Ороми канори Хуҷанд, ки аз навоҳии атрофи шаҳр таппаку ҳезум ва ғӯзапоя меорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ маъмулан моли тиҷорати худро тобистон ва аввали тирамоҳ захира мекунад.

“Кам касе ба ин бозор таваҷҷӯҳ дошт. Баъзеҳо ор мекунанд. Аммо шахсан чанд сол аст, ки бо ин кор машғулам. Аввалҳо барои ошхонаҳои шаҳр ҳезум таҳия мекардам. Баъд дарёфтам, ки дар давраҳои бебарқӣ мардуми дигар ҳам дар ҷустуҷӯи ҳезуму таппак мешаванд. Бале, ин тиҷорати ҳамешагӣ нест, мавсимаш асосан ду-се моҳ тӯл мекашад, аммо бедаромад нест”, - гуфт ӯ.

Акбархӯҷа ва дигар ҳамсӯҳбатони мо аз Рашту Хатлон ва Душанбе дар бораи таппак ҷузъиёти ҷолибе ба даст медиҳанд. Ба қавли онҳо, агар дар оғоз як навъи оддии таппак дар як кунҷи бозорҳо савдо мешуд, ҳоло чандин намуди он ва дар як гӯшаи махсус дар қатори ангишту ҳезум харидуфурӯш мешавад.

Аз навъҳои таппак чалма ё сангтаппак (ки дар оғил саргини ҳайвонро сум зада, баъд дар шакли чоркунҷа бо каланд ё бел мекананд), кулӯлатаппак, тағора ё сатилтаппак (ки дар қолаби тағора ё сатил сохта мешавад), кумуртаппак (омехтаи ангишту саргин), таппаки заминӣ, ҳатто деворӣ ва ғайра низ бо шаклу намуди хос дар бозорҳо ироаи муштариён мешаванд, ки гоҳо донабайъ ва гоҳо бо мошин яклӯхт ба фурӯш мерасанд.

Акбархӯҷа мегӯяд, таппакро на фақат мардуми камдаромади деҳотӣ, балки сарватмандони шаҳрӣ низ харидорӣ мекунанд.

“Ба қавли маъмул, ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатӣ, бахусус пойҳои инсон, фоидаовар аст. Агар қӯри онро ба сандалӣ гирифта, пойҳоятонро дарун кунед, бубинед, ки чӣ роҳате дорад. Тарбоду дардро мерабояд. Таппаки гӯсфанд мисли ангишт метавонад сари касро гирад ва дилбеҳузур кунад, аммо монанди ангишт кушанда нест. Таппаки буз хеле камёфт аст. Таппаки гов бисёр ва бозоргир аст”, - гуфт ӯ.

Соли равон нархи як дона таппак вобаста ба навъаш аз 25 ё 50 дирам ба 1 то 1,5 сомонӣ ва як мошинаш аз 400 ба 800 сомонӣ боло рафт, ки ба қавли огаҳони ин бозор, дар гузашта собиқа надошт ва ҳам далолат бар қавӣ гаштани мавқеи ин маводи сӯхт дар бозор мекунад.

Кундаи муфиди бобоӣ

Ҳезум аз қадим ва то он замон, ки нафту газ ва ангишт дар зиндагии мардуми ҷаҳон пайдо нашуданд, беҳтарин ва маъмултарин маводи сӯхт буд. Он чӣ ҳезумро аз таппак фарқ мекунонанд, оташбардории он ва он чӣ умумияташон медиҳад, ба истилоҳ, аз лиҳози экологӣ тоза ва барои сиҳатӣ муфид будани онҳо аст.

Абдураҳим, як фурӯшандаи дигар аст, ки бозори шаҳри Ваҳдат ва ҳам бозорчаи дуроҳаи Қарағочи канори шаҳри Душанберо бо таппаку ҳезум таъмин мекунад. Тиҷорати вай таъмин намудани як қатор ошхонаҳои Ваҳдату Душанбе бо ҳезум аст, аммо вақти фаромадани сардӣ захираҳои молашро ба бозорҳо низ ироа мекунад. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмулан ҳезуми дарахтони пири зардолу, себ, олуча ва тут муштариёни зиёд доранд.

“Ҳезуме, ки аз дарахти мева ҳосил мешавад, агарчи сахтшикан аст, кам дуд мекунад, дер месӯзад ва ҳам фоида дорад. Асосан афроди сарватманд ё миёнаҳол онро супориш медиҳанд. Ин анвои ҳезум аз боғҳои куҳна ба даст меоянд. Вақте дарахтон ё шохаашон хушк мешаванд, онҳоро мебуранду ҳезум мекунанд”, - гуфт Абдураҳим.

Ба қавли ӯ, ҳезум дар шакли кунда ва ё бастаи шохчаҳо фурӯхта мешавад, масалан, имсол як метр кунда аз 50 сомонии тирамоҳ ба 90 сомонӣ дар вақти сармо боло рафт ва ҳамин тавр, нархи як дарзаи шохчаҳо ё ҳезуми резашуда аз 3,5 ба 6 сомонӣ афзуд.

Дар умум, дар саросари Тоҷикистон имрӯзҳо як мошини ҳезум вобаста ба гунҷоишаш аз 800 то як ҳазор сомонӣ, ҳатто бештар аз ин арзиш дорад, ки ба қавли тоҷирон, барои як зимистон, бо иттифоқи истифода аз барқу ангишт, кифоят мекунад.

Пешдаргирон

Ғӯзапоя, боқимондаи заминҳои пахтаи манотиқи пахтакори Тоҷикистон аст, ки аз оғози пайдоиши ин рустанӣ дар кишоварзии Тоҷикистону минтақа, ба масобаи маводи сӯхт истифода шудааст.

Сангалӣ, як фурӯшандаи ғӯзапоя дар шаҳри Бохтар мегӯяд, афроде, ки замини пахта доранд ва ғӯзапоя ба даст меоранд, зиёдатии онро мефурӯшанд. Ба қавли ӯ, ғӯзапояро асосан барои пешдаргирон истифода мекунанд, зеро ҳамон тавре ки зуд месӯзаду зуд хонаро гарм мекунад, ҳамон гуна зуд тамом мешавад.

“Агар ниҳолаш ғафс бошад, каме медорад, дар акси ҳол, зуд сӯхта тамом ва хона ҳам зуд сард мешавад. Аз ин хотир, мардум дар баробари он ангишту ҳезумро низ захира мекунанд, то гармии хонаро муътадил нигоҳ доранд”, - гуфт Сангалӣ.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, як дарзаи ғӯзапоя дар гӯшаву канори Тоҷикистон аз 3 то 5 сомонӣ савдо мешавад ва як мошинаш аз 400 то 700 сомонӣ.

Сухие  стебли хлопчатника
© Sputnik
Сухие стебли хлопчатника

Фақат ангишт

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар бозорҳои Хоруғ, маркази вилоят, ғӯзапоя аслан вуҷуд надорад ва таппаку ҳезум низ хеле ба нудрат пайдо мешавад.

Аслишоҳ, як сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, дар Бадахшон чорвои хонагӣ, бавижа гову гӯсфанд, кам аст ва агар сокинон таппак ҳам кунанд, аз эҳтиёҷоти худашон зиёдатӣ намекунад.

“Азбаски замини кишоварзӣ кам аст, боғот низ кам ҳастанд ва ҳезумеро, ки ба даст меояд, худи хонаводаҳо масраф мекунанд. Аммо барои сардиҳое, ки дар Бадахшон ҳукм меронанд, чораи асосӣ ангишт аст, ки аз берун ворид мешавад”, - гуфт Аслишоҳ.

Дар Бадахшон ангишти серхаридор аз водии Олойи Қирғизистон ва кони Назар Айлоқи Рашт ворид мешавад, ки килои он аз 1,8 то 2, 20 дирам арзиш дорад. Дар қисматҳои дигари Тоҷикистон низ бар иловаи ангишти қирғизӣ, ангишти конҳои ноҳияи Айнӣ низ ба бозорҳо ироа мешавад ва қиматашон аз 1,8 то 2,5 сомонӣ сари кило аст.

Сӯзишвории дигаре, ки дар сардиҳо деги мардумро меҷӯшонад, гази моеъ аст. Онро дар баллонҳои хурди сохти Эрону Чин харидорӣ намуда, барои хонавода хӯрок омода мекунанд.

Мешки угля
© Sputnik
Мешки угля

Таҷрибаи бо газ гарм кардани хонаҳо, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, натиҷаи мусбат надодааст, зеро ин маводи сӯхт ҳавои хонаро вайрон мекунад ва ба сиҳатии мардум зиёновар аст.

Дар гузашта ин маворид, ки афрод аз дуди ангишт ва таркиши баллонҳои газ ба ҳалокат расидаанд, гузориш шуда буд.

0
Барчаспҳо:
гармӣ, сӯзишворӣ, ҳезумчинӣ, ангиштсанг, лимити барқ, Тоҷикистон