Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

9 рӯз бе коронавирус: дар Тоҷикистон 99,3 фисади дардмандон шифо ёфтанд

131
(Таҷдидшуда 19:15 14.01.2021)
Муддати 9 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта намешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта низ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Тоҷикистон 13 308 нафар дардманд гардиданд.

На фавт асту на мариз: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳоло бошад, аз ин миқдор гирифторон аллакай 13 218 нафар шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд. Манбаъ меафзояд, дар Тоҷикистон 99,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Аммо бояд гуфт, ки аз аввали хуруҷи ин беморӣ то рӯзи 14 январ, дасти кам 90 мариз ҷони худро аз даст доданд.

Бо вуҷуди он ки чанд рӯз пайдаҳам ягон мавриди сироятшавӣ дар кишвар сабт нашудааст, вале маҳдудиятҳое, ки қаблан ҷорӣ буданд, ҳоло ҳам бекор карда нашудаанд.

Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Аз ҷумла, дари масоҷид ҳамоно ба рӯи намозгузорон баста аст. Тӯю маъракаҳои дигари хурсандӣ низ бо ҳузури теъдоди ками меҳмонон баргузор мешаванд.

131
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустии ҶТ, маризӣ, омор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
Кормандони ташхисгоҳ, акс аз бойгонӣ

Вазорат аз ҷамъбасти рӯзи 15-ум бидуни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

94
(Таҷдидшуда 18:57 25.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ чун ду ҳафтаи гузашта ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ҷамъбасти рӯзи 15-ум бидуни коронавирус дар ҷумҳурӣ хабар дод.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон беш аз ду ҳафтаи охир дар сомонаи расмии covid.tj хабар медиҳад, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфтаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, 99,3 дарсади онҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба вируси корона гирифтор шудаанд, шифо ёфтаанд ва танҳо 0,7 дарсад бар асари ин маризӣ ҷон додаанд. Теъдоди умумии фавтидагон бар асари коронавирус 90 нафар арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват дорад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанду фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.

94
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, Тоҷикистон

Аз санҷиши ҳарорат то салому ниқоб дар масҷидҳо: мулоқот бо имомхатибони Хуҷанд

897
(Таҷдидшуда 18:55 25.01.2021)
Намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд бо имомхатибони ин шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба коронавирус, ки ахиран иҷозати бозкушоии дарҳои Масоҷидро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ эълон кард, аз намозгузорон риояи ҳатмӣ ва қатъии чораҳои зиддиэпидемиологиро тақозо мекунад.

Дар робита ба кушода шудани дари масҷидҳо аз 1- уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолог бо кулли имомхатибон мулоқот баргузор намуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқт ба имомхатибон дастур дода шуд, ки ба масоҷид намозгузорони бидуни ниқобро роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин дар ҳамаи масҷидҳо овезаҳо бо навиштаҷоти "Бе ниқоб даромадан манъ аст" ва "Бо даст салом кардан ва оғӯш гирифтан манъ аст" бояд овехта шаванд.

Таъкид гардид, ки  вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешавад бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.

Шӯрои уламо намоз дар автобусу қаторро ҷоиз хонд: гуфт, чӣ гуна бояд адо шавад

Гуфта шуд, ки бояд ҳар як масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад.

Зикр гардид, ки бояд утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофии маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зиддиуфунӣ (антисептикӣ), инчунин ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин карда шаванд.

Санҷиши ҳатмии намозгузорон ва муроҷиаткунандагон ба масҷидҳо ва дигар марказҳои динӣ тавассути ҳароратсанҷи фосилавӣ бо мақсади маҳдуд намудани ашхосе, ки таби баланд ё аломатҳои бемориҳои роҳҳои нафас доранд ба роҳ монда шавад.

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

Махсусан, таъкид гардид, дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар анҷоми мулоқот раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамолов низ суханронӣ намуда, аз имомхатибон даъват ба амал оварданд, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаро дар ҷараёни адои намоз дар масҷидҳо қатъиян ба ҷо биоваранд.

897
Барчаспҳо:
имомхатиб, намоз, масҷид, Хуҷанд
Сотрудники полиции недалеко от места теракта в Берлине

Ҳукми зиндони як тоҷик ба ҷурми терроризм дар Олмон

0
(Таҷдидшуда 19:42 26.01.2021)
Парвандаи пурсарусадо ифшои гурӯҳи террористӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар даст доштан ба он гумонбар мешуданд, ба анҷом расид ва ҳукми додгоҳ содир шуд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Олмон яке аз аъзои гурӯҳи террористӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, менависад Deutsche Welle.

Тибқи маълумоти додгоҳ, маҳкумшуда гуноҳи худро қисман эътироф кардааст ва инчунин аз амалҳои худ пушаймон шуда, иқрор кардааст, ки "аз кардааш сахт пушаймон аст."

Шояд маҳз изҳори пушаймонӣ буд, ки маҳкумшуда аз ҷазои сангинтар раҳоӣ ёфт: додситонӣ  8,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Сарнавишти панҷ айбдоршавандаи дигари парванда номаълум боқӣ мондааст. Ҳамаи шаш шаҳрванди Тоҷикистон аъзои яке аз ячейкаҳои ДИИШ мебошанд (як созмони террористии дар Русия мамнӯъ).

Ёдовар мешавем, ки қаблан як зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ як гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Олмон таъсис дода, дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ омода карда, ба шариконаш кӯмаки молиявӣ мерасонд.

Аз ҷумла, яке аз пешвоёни ДИИШ дар Сурия ба як ҷавони 30-сола дастур додааст, ки дар Олмон алайҳи "кофирон" ҷиҳод оғоз кунад ва ба ӯ амали террористӣ дод.

Раҳмон хостори таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дар ИДМ шуд

Мувофиқи тафтишот, гурӯҳ инчунин силоҳи ҳастаӣ ва якчанд маҷмӯа барои сохтани бомбаҳо дошт.

Дар рӯйхати ҷиноятҳо инчунин кӯшиши куштор мавҷуд аст. Айбдоршавандаҳо барои куштор дар Албания 40 000 доллар фармоиш қабул карданд. Ду тоҷик барои иҷрои ин супориш ба Албания рафтанд, аммо боздоштшудагон кушторро ба анҷом нарасонданд.

0
Барчаспҳо:
терроризм, Олмон, ҳукм, тоҷикистонӣ