ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.
Дар маҷмуъ Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.
Бо вуҷуд мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ғафлат намонанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петтер Олтерс баргузор гардид.
Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ, махсусан дар давраи пандемияи COVID-19 ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, кумаки Бонки ҷаҳонӣ дар давраи ҳамагирии коронавирус ба Тоҷикистон назаррас мебошад.
Махсусан, бо ин мақсад "Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон"-и назди Вазорати тандурустӣ дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ) аз 3 апрели соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд, ки ҳадафи он таъмини омодагӣ ва эътино ба пандемияи сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи маблағгузории ин тарҳ то имрӯз як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Махсусан, ҷиҳати таҳкими иқтидори шӯъбаҳои табобатӣ ва эҳёи 10 беморхонаҳои интихобгардида 23 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, 9 номгӯи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва 77 номгӯи доруворӣ харидорӣ ва дастрас карда шуда, инчунин корҳои таъмирӣ дар ин беморхонаҳо гузаронида шудаанд.
Инчунин, бо мақсади тақвият додани сатҳи огоҳонии аҳолӣ аз пешгирӣ ва хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мухталифи иттилоот ва алоқа дар мавриди пешгирии ин беморӣ 15 номгӯи маводҳои иттилоотӣ (постерҳо, овезаҳо, брошюра ва буклетҳо) бо теъдоди 424 ҳазор нусха, инчунин, шакли варақаи ҳуҷҷатҳо барои таъйин кардани кӯмакпулии иҷтимоӣ бо теъдоди 800 ҳазор нусха ба табъ расонида шуда, ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани заминаи техникии Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар доираи лоиҳаи мазкур 12 номгӯи таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла дастгоҳи рақамии наворбардор ва пахшкунанда, компютер, асбобҳои аксбардор, принтери ранга ва дигар воситаҳои техникӣ харидорӣ ва ба маркази мазкур супорида шуданд.
Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ки дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мерафтанд, ба 64 469 оилаҳои камбизоати Тоҷикистон кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ расонида шуд.
Кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи 500 сомонӣ ба як оилаи камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-сола як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст. То имрӯз барои пардохти кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати кӯдакони то 3 сола дошта дар ҳаҷми 32 234 500 сомонӣ ё зиёда аз 3,0 миллион доллари ИМА маблағ сарф карда шудааст.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамзамон барои нигаҳдории ҳайати кормандон, анҷом додани чорабиниҳои хариди мол, кор ва хизматрасониҳо, таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибӣ, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа хароҷоти муайян пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки мониторинги рафти татбиқи лоиҳа, аз ҷумла дастраснамоии таҷҳизотҳои тиббӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дорувории харидоригардида ба беморхонаҳо, инчунин сифати корҳои таъмирӣ дар муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа гузаронида шудааст.
Манбаъ афзуда, ки дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2021 аз 11,3 миллион доллар маблағи пешбинигардида 9,4 миллион доллари он харҷ гардидааст, ки 83,4 фоизи маблағи умумии Лоиҳаро ташкил мекунад.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко аз анҷоми даври дуюми озмоиши клиникии ваксини "Спутник Лайт" хабар медиҳад, менависад РИА Новости.
Мурашко дар суҳбат бо хабарнигор изҳор дошт, ки феълан ваксини "Спутник Лайт" дар марҳилаи баҳодҳии мутахассисон қарор дорад.
Гуфта мешавад, иҷозат барои доир кардани озмоиши саввуми ин ваксин ҳам моҳи феврал дода шуд. Зикр мегардад, ки озмоиши навбатӣ дар ду гурӯҳ гузаронида мешавад ва бояд то соли 2022 ба итмом расад.
"Спутник Лайт" қисми таркиби маҳсулоти Спутник мебошад, ки онро Маркази Гамалеи дар якҷоягӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия дар платформаи хуб омӯхташудаи векторҳои аденовируси инсон таҳия кардааст.
Қаблан Кирилл Дмитриев роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия таъкид намуд, ки ваксини мазкур асосан барои бозори хориҷа таҳия шудааст ва дар дохили кишвар бошад асосан аз "Спутник V" истифодабарӣ мешавад.
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
Директори Маркази Гамалея Александр Гунзбург гуфт, ки истифодаи "Спутник Лайт" дар кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки авҷи бемориҳо коҳиш дода шуда, сарборӣ дар соҳаи тандурустии маҳаллӣ камтар карда шавад.
Ӯ мегӯяд, масуният пас аз ваксина эҳтимолан се-чор моҳ боқӣ хоҳад монд ва самаранокии ваксина тақрибан 85% хоҳад буд.
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.